There are no translations available. Мулоқоти сафир бо донишҷӯён
Мавсуф қайд кард, ки баъзе аз донишҷӯён либоси дар низомнома нишондодашударо риоя намекунанд, ба дарс дер меоянд, дарсшиканӣ мекунанд ва ҳатто, бо нозирони тартиботи назди даромадгоҳ дағалӣ мекунанд. Дар донишгоҳи мо ҳама шароитҳо барои хондан муҳайёанд. Китобхонаи электронӣ, толорҳо барои футбол ва волейбол, маҳфилҳои рақсӣ ва навозандагӣ омодаанд барои шавқовар гузаштани давраи донишҷӯӣ хизмат расонанд. Мо ҳамеша тайёрем, ки мушкилоти онҳоро ҳал намоем ва кумак расонем. Перман Бердиев донишҷӯёнро ба иҷрои дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ даъват намуда, таъкид кард, ки онҳо дар Тоҷикистон миллати туркманро муаррифӣ менамоянд ва бояд бикӯшанд, ки ахлоқи ҳамида дошта бошанд. И.Қосимов |