Варзиш – гарави саломатӣ ва зебоӣ
Дар мусобиқа 46 нафар донишҷӯдухтарон ширкат варзиданд.Ҷои аввал насиби донишҷӯи курси 3-юми факултети забони англисӣ Раҷабова Суман гардид. Нурмамадова Салима (факултети романи-германӣ) ва Очилдиева Гулноза (факултети таърих) сазовори ҷои дуюм гаштанд.Ҷойи сеюмро Муминова Шаҳноза (технология ва сохибкорӣ), Бегматова Машҳура (факултети забони англисӣ) ишғол намуданд. Чорабинии варзишӣ бо мақсади тарбияи тарзи ҳаёти солим ва ҷалб намудани духтарҳо ба варзиш баргузор гардид. Ба ғолибон аз тарафи Иттифокӣ касабаи донишҷӯён туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад. Баротова Маҳина |