Дарси кушод бо ширкати декан
Самараи Иҷлосия аст, ки мо сулҳ ба даст овардем, ба Ваҳдати миллӣ расидем. Ваҳдат миллатро аз парокандагӣ маҳалгароӣ эмин нигоҳ медорад ва инчунин, боиси он мегардад, ки бо якдигар дӯстона аз як гиробон сар бароварда, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешаи худ намуда, дар фазои дӯстиву рафоқат зиндагӣ намоем. Раиси Созмони ҷавонони донишгоҳ С.Қувватов дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар фароҳам овардани Сулҳу Ваҳдати миллӣ» сухан ронд. Ӯ қайд кард, ки Пешвои миллат ҷони худро дар хатар гузошта, дар давраи ҷанг барои гурезаҳоро баргардондан ба Афғонистон сафар намуда, музокираҳо анҷом дод. Мавсуф ба ҷавонон ҳушдор дод, ки зудбовар набошанд, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ нашаванд ва шукронаи сулҳу амнияти Тоҷикистони азизамон карда, дар пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошанд. Ҳоҷиакбар Ҳайдаров, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик |