Конститутсия-кафили озодӣ ва саодати ҷомеа
Баъдан, муовини ректор оид ба илм А.Муллоев дар мавзӯи «Конститутсия-кафили озодӣ ва саодати ҷомеа» маърӯза кард. Ӯ иброз дошт, ки мо Конститутсияро раҳкушо, дурнамои истиқлолияти худ меҳисобем ва он дастоварди бузургтарини кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар баробари тараққиёт ва пешрафти замон ба Конститутсияи мо низ тағйиру иловаҳо ворид мегарданд, ки ин далел аз ҳамқадами замон будан аст. Конститутсияи мо дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини ҷаҳон эътироф шудааст. Дар ҷамъбаст маърӯзаи мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқ Ф.Давлатов дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ» шунида шуд. Ӯ қайд кард, ки қонуни давлат шахшуда нест, балки он бо талаботи замон тағйир ёфта меистад. Мо бояд ин қонунро бахтномаи худ донем, омӯзем. Донистани қонун барои ҳамаи мо зарур аст. Дилафрӯз Муқимова, донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик |