«Фалсафаи илм» рӯнамоӣ шуд
Сипас, декани факултаи забонҳои романӣ-германӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ҳобилҷон Зикиров рӯи чоп омадани ин китобро падидаи нав дар ҷаҳони маънавии илми тоҷик арзёбӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки навиштани китоб кори саҳлу сода нест ва заҳмати муаллифон шоистаи қадрдонист. Р.Назариев дар Амрико навиштани китобро оғоз карда, барои мукаммалнамоии он адабиёти зиёдеро мутолиа намудааст. Дар китоб аз ихтирооти мутафаккирони Шарқ сухан меравад. Гарчанде дар ҷаҳони имрӯза технологияи Ғарб хеле пешрафта аст, вале дар ин китоб исбот шудааст, ки ҳама ихтирооти онҳо аз китобҳои мутафаккирони Шарқ сарчашма мегиранд. Сохтани қулфҳои рамзӣ, коғаз аз чӯбро аввалин бор олимони Шарқ кашф кардаанд. Надонистани фалсафа моҳияти асосии зиндагиро барои мо торик нигоҳ медорад. Файласуфи немис Лейбнис гуфтааст: «Сатҳӣ омӯхтани фалсафа инсонро ба куфр мебарад ва амиқ омӯхтани он инсонро ба Худо наздик мекунад». Илҳоми Абдулло |