Машқи пагоҳирӯзӣ дар донишгоҳ
Тавре медонем, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдори варзиш мебошанд ва пайваста дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ иштирок менамоянд. Варзишгарони кишварамонро, ки парчамбардорони Ватан мебошанд, пайваста дастгирӣ мекунанд. Баргузор намудани машқи пагоҳирӯзӣ низ дар пайравӣ ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба варзиш аз тарафи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ба роҳ монда шуд.
Дар машқи пагоҳирӯзӣ мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ Т.Намозов, устодони ин кафедра Ҳ.Шамсиддинов ва М.Гадоев бо донишҷӯён зиёда аз 8 намуди машқи сабукро иҷро намуданд. Зарринаи Ғайрат |