«Шеър-ул-аҷам»-раҳнамое дар арсаи адабиёт
Бадриддин Мақсудов, устоди ДМТ, муаррифии «Шеър-ул-Аҷам»-ро рӯйдоди муҳими фарҳангӣ арзёбӣ намуд. Дар охирҳои асри XIX ва аввалҳои асри XX Шиблӣ аввалин муҳаққиқест, ки адабиёти форсиро ба таври муфассал таҳқиқ намудааст. Агар тазкиранависон аз нигоҳи худ ба шоирон баҳо медода бошанд, муаллифи «Шеър-ул-Аҷам» сухансанҷест, ки ҳар як падидаи адабиёти моро санҷида, баҳогузорӣ кардааст. Мубашшири Акбарзод, мунаққиди шинохта, зикр кард, ки Шиблӣ тазкиранавис нест, балки сухансанҷест, ки ҳусну қубҳи ашъори форсиро дарк карда, дар китобаш нишон додааст. Ҳамчунин, ба ғайр аз маълумоти шарҳиҳолии шоирон Шиблӣ вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давраро муфассал баён намудааст. Шоир Муҳаммадалии Аҷамӣ қайд кард, ки шеъри форсӣ ҷилваҳои пинҳоне дорад, ки на ҳама онҳоро дида метавонанд. Шиблии Нуъмонӣ ин ҷилваҳоро ошкор карда, пеши назари дӯстдорони ашъор падид овардааст. Сабаби кам будани шоирони номдори имрӯзаи моро Муҳаммадалии Аҷамӣ дар он мебинад, ки мо суханро дар сатҳи олӣ намедонем ва дар уқёнуси сухане, ки гузаштагони мо офаридаанд, шиновари комил нестем. То замоне ки инсон ҳаст, дунё ҳаст, ишқ ҳаст, шеър ҳам боқӣ мемонад. Дар ҷамъбасти ҷамъомад ректор ин нуктаро ёдрас намуд, ки ҳар боре ки китоберо аз нав мехонӣ, чизи наверо барои худ кашф мекунӣ. Аз ин рӯ, такроран хондани китобҳои хуб ба манфиати кор хоҳад буд. Илҳоми Абдулло |