There are no translations available. Муаррифии асарҳои пурарзиши Президент
қисмати асосии ҳамоиш ба муаррифии китобҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуд. Омӯзгор Ғайратшо Роҳатов оид бамуҳтавои як силсила китобҳои Президенти мамлакат суханронӣ кард. Мавсуф қайд кард, ки барои муаррифии китобҳои Сарвари давлат як-ду маҳфил кам аст. Ҳамин нуктаро мебояд зикр кард, ки Президент тамоми саъю кӯшиш ва неруву қудраташро барои ободии Ватан сарф менамояд. Соли 1992 дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нав бо номи Тоҷикистон ба вуҷуд омад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» тамоми давраҳои таърихи тоҷиконро хеле равшан ба қалам додааст. Давлатшоҳ Маҳмудов, омӯзгори факултаи таърих, донишҷӯёнро ба амиқ омӯхтани илмҳои замони худ даъват карда, дар бораи китобҳои дигари Президент маълумот дод. И.Қосимов |