There are no translations available. Президент ҳомии Ватан аст
Ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон таърихи 27-сола дорад. Аввалин Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов буд, ки солҳои 1990-1992 аз тарафи парлумон интихоб гардид. Баъдан иҷрокунандагони ин вазифа Қ.Аслонов, Р.Набиев ва А.Искандаров буданд. Онҳо, ки тарбияи замони Шӯравиро доштанд, дар замони нав роҳбарӣ карда натавонистанд. Соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон Президенти Тоҷикистон интихоб гардид ва бесарусомониҳои дар кишвар рухдодаро бартараф намуд. Нахустин вазифаи президент эмин нигоҳ доштани давлат аст, ки Сарвари кишвари мо ба хубӣ аз уҳдаи он баромад ва мо дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Дар идома доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдуллоев дар бораи китобҳои ба таърих бахшидаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки ғояи навиштани китобҳо сабаб дорад ва сабаби асосии он пайдо шудани зуҳуроти бегонапарастӣ дар байни тоҷикон аст. Боиси зикр аст, ки конфронси мазкур бо ибтикори садорати факултаи таърих баргузор гардид. И.Қосимов |