Семинари илмӣ бо ибтикори донишҷӯён
Сипас, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ғайратшо Роҳатов ва муаллими калон Давлатшоҳ Маҳмудов дар бораи таърихи давлатдории тоҷикон, аз ҷумла, парчам ва аҳмияти таърихии он маърӯза намуданд. Дотсенти ҳамин кафедра Мақсуда Фозилова слайдеро, ки ба таърихи парчам ва қабули он, рӯзҳои сангини халқи тоҷик бахшида шуда буд, намоиш дод. Аз тарафи донишҷӯён дар васфи Ватан ва Парчам шеърҳо қироат шуд ва донишҷӯён бо сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро шод гардониданд. Муҳаммад Даминов, донишҷӯи соли 2-юми факултаи таърих |