There are no translations available. Викторина дар факултаи математика
Р.Авезов қайд кард, ки парчаму парчамдорӣ яке аз суннатҳоест, ки мамлакатҳову кишварҳои гуногуни олам онро гиромӣ медоштанд ва ҳамчун рамзи асолату ҳувияти худ ба он арҷ мегузоштанд. Сипас, шартҳои озмунро ба донишҷӯён баён намуд. Шарти аввали озмун шифоҳӣ буда, ба ҳар як донишҷӯ ду саволӣ пешниҳод карда шуд. Ба ҳар як посухи дуруст панҷбалӣ гузошта шуд. Шарти дуюми озмун саволномаҳои иловагӣ ба шумор мерафт. Дар охир Муаттар Пӯлодова ба ҷои якум, Хиромон Шарифова ба ҷои дуюм ва Матлуба Мустафоқулова ба ҷои сеюмро сазовор дониста шуданд ва бо ифтихорнома сарфароз гардиданд. Фарзона Турсунова, донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик |