• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Илме бо таърихи 2500-сола

 

Вожаи юнониасли «этика» таърихи ҷолиб дорад. Дар ибтидо он ҳамбаста ба шакли зиндагии томелодии одамон (дар аҳди ҷамъияти ибтидоӣ) маънои хонадони ягона ва қоидаҳои онро ифода мекард ва тадриҷан дар иртибот бо рушди ҳаёти мардумӣ мафҳуми мазкур бо маъноҳои виҷдон, баду нек, накукорӣ, ҳамдилӣ, дӯстӣ ва мояи ҳаёт пайванд хӯрд.

Перомуни этика гуфтору мулоҳизаҳо, таъкидоту фаҳмишҳои гуногун ба миён омаданд ва тадриҷан он ба сифати илме дар таркиби фалсафа эътироф карда шуд. Минбаъд ин илм таваҷҷуҳи донишмандони зиёдро ба худ ҷалб намуд ва кор ба ҷое расид, ки онро чун илми мустақил арзёбӣ

намуданд. Ҳамакнун, солҳои тӯлонист, ки дар таълимгоҳҳои гуногун этика дар заминаи барномаҳои махсуси таълимӣ омӯхта мешавад. Дар мактабҳои олии Тоҷикистон этика дар радифи фанҳои ҷамъиятӣ ҷой дорад ва аз фанҳои ҷолибу пурсуд ва шоистаи таваҷҷуҳ эътироф шудааст. Мутаассифона, донишҷӯёни тоҷик солҳо боз оид ба ин фан китоби  дарсӣ надоштанд ва барои омодагӣ ба машғулиятҳо ва омӯзиши мавзӯъҳо онҳоро лозим меомад, ки аз мақолаву дастурҳои ҷудогона, таҳқиқотҳои илмӣ, рисолаҳои дахлдор истифода намоянд. Дар ин ҳолат онҳо вақти зиёд сарф кунанд ҳам, аксаран маълумоти кофӣ ва ҷамъбастӣ пайдо карда наметавонистанд. Аз тарафи дигар, таҷриба ва воқеият борҳо собит карда, ки барои донишҷӯён ҳеҷ як сарчашмаи илмию омӯзгории дигар ҷои китоби дарсиро гирифта наметавонад, зеро китобҳои дарсӣ хусусияти ҷамъбастӣ доранд ва ба истилоҳ, «шираи дониш»-ро гирд оварда, ба таври саҳеҳу фаҳмо ба донишҷӯён пешниҳод мекунанд. Пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифи кишвар ба марҳилаи навин ворид гашт, ҷанбаи миллии таълиму тарбия нуфузи меҳварӣ пайдо кард ва дар қатори тадбирҳои дигар дар мактабҳои олӣ ба забони тоҷикӣ (аз ҷумла, оид ба фанҳои ҷамъиятӣ) китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр шуданд. Дар ин росто, охири соли гузашта олимони варзида, устодони ДДОТ ба номи С.Айнӣ Шоҳназар Бердиев ва Баҳодур Шомуродов заҳмату ковишҳои чандинсолаи худро ҷамъбаст намуда, дар такя ба таҷрибаи бардавоми омӯзгориашон дастури таълимиеро барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ бо номи «Этика» ба нашр расонданд, ки иборат аз 33 ҷузъи чопист (526 саҳ.).

 

 

 

Ин аввалин дастури таълимии мукаммал ба забони тоҷикӣ аз фанни мазкур буда, бо қарори Шӯрои илмии методии ДДОТ ба номи С.Айнӣ чоп шудааст. Китоби мазкур аз пешгуфтор ва дувоздаҳ бахш иборат мебошад.

Дар нахустбахши китоб муаллифон фан, вижагиҳо ва вазифаҳои илми этикаро шарҳ дода, ҳамчунин, ба аҳдофу таърихи он дахл кардаанд. Таъкид мешавад, ки этика таълимоти фалсафӣ дар бораи ахлоқ мебошад ва ин вожа ҳамчун номи илм хусусияти байналмилалӣ пайдо карда бошад ҳам, дар баъзе забонҳо истилоҳи дигар (миллӣ) дорад.

Чунончи тоҷикон этикаро илми ахлоқ низ меноманд ва ин илм дар таърихи халқи тоҷик собиқаи деринеро дорост. Этика таваҷҷуҳи ҳамагонро ба қоидаҳои ахлоқ, ба арҷгузории арзишҳои ахлоқӣ ва ба некию накукорӣ, донистани моҳияти ҳастӣ ҷалб менамояд. Донишманди аҳди қадими Юнон Арас-ту бунёдгузори илми этика дониста шудааст ва дар ташаккулу такомули ин илм файласуфони маъруф Суқрот, Афлотун, Сенека, Аврелий, Спиноза, ал-Хоразмӣ, ал-Форобӣ, ал-Киндӣ, Розӣ, Берунӣ, Сино, Ғазолӣ… саҳми барҷаставу мондагор гузоштаанд.

Бахши «Марҳилаҳои инкишофи илми этика» аз бахшҳои бештар ҷолибу рангини китоб буда, муаллифон дар қатори таълимоти ахлоқии Юнони қадим ва Ҳинду Чини бостон ба моҳияту аҳамияти барҷастаи таълимоти ахлоқии мутафаккирони тоҷик ва нақши дини зардуштӣ дар такомули илми ахлоқ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардаанд. Таъкид шуда, ки тоҷикон назария ва амалияи дерину пурмуҳтавое марбут ба илми ахлоқ доранд ва асарҳои бостоние чун «Авасто», «Худоиномак», «Дарахти асурик»… саршор аз тарғиби ғояҳои олии ахлоқиянд ва низ шоирону мутафаккирони ҷаҳоншумули тоҷик устод Рӯдакӣ, Ибни Муқаффаъ, Ибни Сино, Берунӣ, Носири Хисрав, Кайковус, Аттор, Саноӣ… дар асарҳои баландғояву баландпояи хеш мазмунҳои барҷастаи ахлоқию фарҳангиро ифода намудаанд. Имрӯз илми этикаро дар сатҳи ҷаҳонӣ бидуни эътибори ҷиддӣ ба таълимоти ахлоқии абармардони дунёи илму адаби тоҷик (аз Рӯдакиву Фирдавсӣ то Асирию Айнӣ) омӯхтану муаррифӣ кардан аз доираи имкон берун аст. Ин ҷо ёдкарди танҳо он нуктае кофист, ки арабҳо олими шаҳири тоҷик Закариёи Розиро «табиби маънавии инсонҳо» номидаанд…

Дар бахшҳои дигари китоби «Этика» масоиле чун категорияҳои асосии ин фан, иртиботи ахлоқ ва дин, этикаи педагогӣ, этика ва одоби муошират шарҳу тафсир ёфтаанд. Бахши «Луғати истилоҳоти калидӣ» дар хонандагон дарки бисёр маъниҳои этикию фалсафаро осон мекунад ва ин бахш хеле муҳим буда, аҳамиятафзои китоб аст, балки монои китобаки алоҳидаест, ки бар замимаи бузургкитоби «Этика» омада. Китоб бо бахши «Саволномаи тестӣ аз фанни этика» анҷом пазируфтааст ва ин бахш барои худсанҷии донишҳояшон аз ин фан ва такрори мавзӯъҳо ба донишҷӯён мадад мерасонад.

Нашри китоби «Этика» ҳодисаи гуворою ҳадяи шоис-таест барои донишҷӯёни мактабҳои олии Тоҷикистон, ҳамчунин, барои омӯзгорони этика, файласуфону унвонҷӯён ва онҳое, ки ба омӯзиши ин илми бостонӣ таваҷҷуҳ доранд.

Муаллифони китоб, олимони хушсалиқаву тозаназар Ш.Бердиев ва Б.Шомуродов кори басо муҳимеро сомон бахшидаанд, ки шоистаи таҳсину ситоиш аст.

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj