There are no translations available. Ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар шӯрои ҷадид
Носирҷон Салимӣ, раиси шӯрои мазкур, дар оғози нишаст эълом дошт, ки аз 24 нафар узви шӯро аксарият ширкат доранд ва имкон дорад, ки шӯро ба кори худ шурӯъ намояд. Нахуст Ҷамшед Шокиров ва дар қисмати дуюм Боҳир Раҷабов перомуни ҷанбаҳои мухталифи пажӯҳиши хеш ба таври иҷмолӣ ва фишурда маълумот ироа карданд. Аз суханронии онҳо метавон хулоса намуд, ки дар рисолаҳои таҳқиқотии эшон тамоми паҳлуҳои мавзӯъ мӯшикофона мавриди баррасӣ ва тадқиқ қарор гирифтаанд. Муҳаққиқон ба суолҳои ҳайати шӯро низ посухҳои қаноатбахш ва мукаммал доданд. Дар фарҷом ҳарду унвонҷӯ тавонистанд, ки далоил ва ақоиди дар рисолаҳояшон дарҷнамударо сарбаландона ҳимоя кунанд. Аъзои шӯро низ ба қароре омаданд, ки пажӯҳишгарон, воқеан, дар хусуси мавзӯъҳои хеш тадқиқоти густурдаеро анҷом додаанд ва шоистаи унвони номзади илм ҳастанд. Ёдовар мешавем, ки Шӯрои дифои адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ марбут ба Шӯрои олии аттестатсионии Федератсияи Русия мебошад, ки фаъолияташро аз 16-уми декабри соли 2016 роҳандозӣ кардааст. |