Беҳбудии иқтисодиёт пешрафти ҷаҳон
Маҳфилро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ш.Азизов ифтитоҳ бахшида, муаллими калон У.Рӯзиев мафҳуми сармояи инсониро ба ҳозирин шарҳ дод. Ӯ қайд кард, ки омили истеҳсолии сармоягузорӣ, рушди иқтисоди оилавӣ ва ҷомеа, дониш, истифодаи воситаҳои техникию иттилоотӣ, меҳнати зеҳнӣ ва маъмуридошта, муҳити зист ва кор оид ба таъмини фаъолияти самаранок сармояи инсонӣ маҳсуб меёбад.
Дар идома маърӯзаҳо аз ҷониби донишҷӯёни факултаҳои гуногуни донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Нақши таваррум дар замони муосир», «Моҳияти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ», «Тамоюли тағйирёбии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир», «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳлили воридоти андозҳо ва буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардид. Фарзона Турсунова, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик |