Тадбиқи қонуни танзим дар Донишгоҳ
ба таълим Нарзуллоев М., Сардори шуъбаи Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадири ВКД подполковники милитсия Маҳмадализода Файзиддин, подполковники милитсияи Сардори шуъбаи Раёсати мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадири ВКД Азамзода Ҷашед дар толори бинои асосии Донишгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 400 нафар устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
12.10.2017 тибқи мактуби муассисаи давлатии Телевизиони Сафина таҳти №296 аз 10.10.2017 дар барномаи «Дунё пур аз ҷавонист» дар мавзӯи «Ҷавонон ва одатҳои номатлуб» 30 нафар донишҷӯ ва 5 нафар омӯзгорони ҷавон иштирок намуданд. 12.10.2017 тибқи барқияи телефони Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.10.2017 ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Меҳргон дар «Боғи Ирам » 300 нафар донишҷӯён сафарбар карда шуданд . |