• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

Накуамалу некусухан бояд буд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси  Олӣ масъалаи тарбияи ҷавононро яке аз масоили муҳими имрӯзу ояндаи давлату миллат, омили асосии пешрафти ҷомеа тавсиф бахшидаанд. Пешвои миллат, ҳамчунин, қайд кардаанд, ки «ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад».

 

Дар амал татбиқ намудани вазифаҳои муҳиме, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кардаанд, аз  ҳар ҷавони кишвар ва аз ҳар шахси ватандӯсту худогоҳ кӯшиши ҳамешагиро ба хотири ояндаи дурахшони халқу Ватан тақозо менамояд. Устодон ва шахсони масъулро зарур аст, ки насли наврасро  дар ҷодаи худшиносию хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Ҷавонон неруи пешбаранда ва ояндаи давлату миллат маҳсуб меёбанд. Тоҷикистон имрӯз аз назари демографӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд.  Ҳоло вазъияти сиёсии ҷаҳон мураккаб гардидааст ва ин аз ҷавонон муносибати ҷиддӣ тақозо дорад. Баҳри дарки масъалаҳои печида ҳамагонро зарур аст, ки дар тарбияи насли наврас саҳмгузор бошанд. Аз тариқи расонаҳои иттилоотии олам оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ хабарҳо паҳн мегарданд, ки ин ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Як гурӯҳ ҷавонони гумроҳ ба доми фиреби ашхоси ифротиву  ватангадо  афтода,   баътар аз кардаи хеш пушаймон мешаванд.

Таҳлилҳои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки  сатҳи пасти маърифат ва вазъи иқтисодӣ қисме аз ҷавононро моил ба он мекунад, ки ба ваъдаҳои дурӯғини чунин ашхосу гурӯҳҳои ифротгаро дода шуда, ба хотири ба даст овардани маблағ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ шомил гарданд.

Дар яке аз вохӯриҳои хеш бо ҳаводорони адабиёт нависандаи маъруф, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ  Саттор Турсун изҳор намуда буд, ки ҳам соҳибкор будан ва ҳам дар соҳаи хизматрасонӣ фаъолият доштан бе одоби ҳамида имкон надорад. Барои дорои ахлоқи нек будан донишу ҷаҳонбинии васеъ зарур аст. Шахс молу сарвати зиёд дошта бошад ҳам, бе ҷаҳонбинии густурда шахсияти  мукаммал нест.

Адиби маъруф дар бораи манфиати мутолиаи китоб дар ҷодаи донишандӯзӣ чунин ибрози андеша намуд: «Иддае аз ҷавонон гумон мекунанд, ки бинобар мавҷуд будани интернет китоб хондан шарт нест. Чунин ақида хатост, зеро интернет ҷойи китобро гирифта наметавонад. Агар интернет ҷойи китобро мегирифт, дар он кишварҳое, ки дастрасӣ ба компютеру интернет бештар аст, ҳар сол миллионҳо ҷилд китоб чоп намекарданд. Асарҳои бадеӣ танҳо барои филологон не, балки барои ҳама аст».

Ҳамаи илмҳо ва бахусус, забону адабиёт инсонро маънаван ташаккул мебахшанд. Тавассути омӯзиш одамон равшан дарк мекунанд, ки бадӣ чисту некӣ чист ва ё муҳаббату шафқату адолат чист.

Бехабарӣ аз фарҳанги хеш, бедонишӣ ғафлат аст. Як гурӯҳ ҷавонони мо дар бораи дини мубини ислом тасаввуроти нодуруст доранд. Аз ҷавҳари ин дини пок огоҳӣ надоранд, ба ҷои  баҳри ободии Ватан кӯшиш ба харҷ додан ба ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ  шомил шуда, даст ба хиёнат мезананд, ки ин хеле таассуфовар аст.

Тибқи омори созмонҳои дахлдор, айни замон дар хориҷи кишвар 1094 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар даргириҳо ширкат доранд. Соли 2015 147 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз сафи гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. 780 нафари дигар, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд ва 85  нафари онҳое, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, ба тундгароён пайвастаанд. Аз ин рӯ, омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ ба масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Дар ниҳоди наврасон ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм, ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб қувват бахшанд.

Чун дар ҷомеаи ҷаҳонӣ раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо дар авҷ аст ва ба ақидаи муҳаққиқон, ҳар лаҳза эҳтимоли аз байн рафтани як тамаддун ё фарҳанг ба миён омадааст, бояд аз ҳама ҷиҳат ҷавонон фаъоливу зиракиро аз даст надиҳанд. Дар яке аз суханрониҳои хеш  Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта буданд: «Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯзӣ яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри ХХ1 мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷуҳи хоса ва масъулияти баланд муносибат намоем. Рушду тараққиёти мамлакат бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор алоқаманд аст. Бинобар ин, агар ба тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд ва содиқи миллату Ватани хеш имрӯз бо масъулият муносибат накунем, ифтихору ғурури миллии мо гирифтори зоҳирпарастӣ шуда, дар доираи ному дастовардҳои бузургони гузаштаамон маҳдуд мемонад».

Ин суханон, воқеан ҳам, пурҳикмату маъниборанд ва ҳамагон, ба вижа, ҷавононро даъват менамоянд, ки ҳамеша омӯзанд, соҳибмаърифату башарпарвар ва тамаддунгаро бошанд.

Раъно Бобокалонова, муовини ректор оид ба тарбия

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj