• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

 

Оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар корхонаи

истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 

121.png - 237.59 Kb16.09.2020 11:29, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳия бо гузоштани санги асос ба  корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.

Аз рӯйи лоиҳа корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро дар бар мегирад.

Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯи маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 гр. то 3 литр истеҳсол мегардад. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода мешавад.

 
Хабарҳо

REPUBLICAN CONFERENCE: “EXACT SCIENCES - THE FOUNDATION OF SUSTAINABLE DEVELOPMENT”

Today, the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Ayni hosted a Republican scientific-practical conference on the topic “Exact Sciences – the Foundation of Sustainable Development,” dedicated to the “Twenty-Year Period of Study and Development of Natural, Exact, and Mathematical Sciences in the Field of Science and Education (2020-2040)” and aligned with the Fourth National Goal - Accelerated Industrialization of the Country.
During the opening session of the conference, the following distinguished scholars delivered meaningful presentations:

 
Хабарҳо

REPUBLICAN CONFERENCE: “THE ROLE OF THE RUSSIAN LANGUAGE IN ENHANCING SPECIALIZED KNOWLEDGE OF UNIVERSITY STUDENTS”


As part of the implementation of the State Program “Improving the Teaching and Learning of Russian and English Languages in the Republic of Tajikistan for the Period up to 2030”, a Republican conference was held at the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Ayni, initiated by the Department of Russian Language for All Faculties, under the theme:
“The Role of the Russian Language in Enhancing Specialized Knowledge of University Students.”
 
There are no translations available.

 

Боздид аз боғи анор, нашъунамои зироати кишоварзӣ дар хоҷагии

деҳқонии “Деҳқони нав”, иштирок дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

ва оғоз бахшидан ба ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 

120.png - 276.26 Kb16.09.2020 11:18, ноҳияи Ҷаббор Расулов

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи анор ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дидан намуда, ҳамчунин дар намоиши дастовардҳои сокинон, хоса кишоварзони меҳнатдӯст иштирок карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” дорои 8,22 гектар замин буда, соҳмдорон ба кишту парвариши зироат ва боғдорӣ машғул мебошанд. Боғи анор дар ин хоҷагӣ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, ки 1 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Анорбоғи ҳосилдиҳандаи навъи “Мумтоз” дар замини хоҷагӣ соли 2009 ташкил гардидааст ва аз он хоҷагидорон ҳамасола беш аз 10 тонна ҳосил ба даст меоранд.

 
There are no translations available.

 

Боздид аз “Хона-музей”-и Нозимҷон Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

119.png - 251.75 Kb16.09.2020 11:08, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, дар деҳоти Ёва  аз “Хона-музей”-и  Нозимҷон Усмонов дидан карданд.

“Хона-музей” соли 2014 бо иқдоми  шахси равшанфикр Нозимҷон Усмонов ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1500 намунаи нигора ва ёдгориҳои таърихӣ ҷамъоварӣ карда шудааст. Тибқи иттилоъ нигораҳои таърихӣ, асбобу анҷоми қадимаи рузгордорӣ  аз  асрҳои 17-18 боқӣ мондаанд. Асбобҳои дар “Хона-музей” гирд овардашуда давраи зиндагонӣ ва урфу одати  ҳамонвақтаи миллати тамаддунофари тоҷикро инъикос мекунад.

 


Page 258 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj