• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

 

Суханронӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

109.png - 231.64 Kb14.09.2020 17:43, ноҳияи Мастчоҳ

Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғози сухан ҳамаи шумо – намояндагони мардуми сарбаланду меҳмоннавоз, бонангу номус ва созандаву ободкори ноҳияи Мастчоҳро ба муносибати бисту нӯҳумин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ҷашни фархундаи 5500 - солагии Саразми бостонӣ, ки бо қарори ЮНЕСКО таҷлил гардида, нишонаи таърихи бостонии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, табрик мегӯям.

Воқеан истиқлолу озодӣ олитарин ва бузургтарин дастоварди мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо буда, ҳамчун машъали фурӯзон роҳи моро ба сӯи фардои ободи Тоҷикистони азизамон равшану пурнур месозад.

Маҳз истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мову шумо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги халқи худро ба таври шоиста қадрдонӣ кунем, анъанаву ойинҳои миллатамонро эҳё намоем, санаҳои таърихӣ ва шахсиятҳои бузурги халқамонро гиромӣ дошта, мероси бузурги маънавии гузаштагонро дар хизмати ҷомеа гузорем ва барои тарбияи наслҳои ояндасоз равона созем.

 
Хабарҳо

STUDENTS OF THE FACULTY OF HISTORY AND LAW VISITED THE UNIVERSITY MUSEUM

Today, according to the plan, students of the Faculty of History and Law visited the University Museum, where the guide provided detailed explanations about the halls, exhibitions, and achievements.
Through this visit, the students became acquainted with the accomplishments of the independence period, the nature of Tajikistan, the history and culture of the Tajik people—particularly urban development—as well as the University’s activities over more than 90 years and its recent achievements.

 
Хабарҳо

CELEBRATION OF VICTORY DAY AT THE UNIVERSITY-AFFILIATED LYCEUM

Today (May 8, 2025), a scientific and cultural event dedicated to the 80th anniversary of Victory in the Great Patriotic War (1941–1945) was held at the Lyceum affiliated with the Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Ayni.
The event was attended by representatives of the university administration, the lyceum’s management, teachers, and students, who delivered speeches honoring Victory Day.

 
There are no translations available.

Ифтитоҳ Қасри фарҳанг дар маркази ноҳияи Мастчоҳ

 

108.png - 202.24 Kb14.09.2020 17:35, ноҳияи Мастчоҳ

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Қасри фарҳангро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қасри тозабунёди фарҳанг дар маркази шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия боз таровати дигар бахшид.

Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад. Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст.

 
There are no translations available.

 

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мастчоҳ

 

107.png - 211.66 Kb14.09.2020 17:34, ноҳияи Мастчоҳ

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон”-ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор доданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон” баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст.

Масоҳати умумии боғ 4,5 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгари корҳои сохтмониву навсозӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ буда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди “Барқсохтмон” мебошад, ки бо ҷалби беш аз 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ корҳои сохтмонию навсозиро бо сифати баланд иҷро намудааст. Барои навсозии боғи мазкур  3 миллион  сомонӣ  ҷудо  гардидааст.

 


Page 264 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj