• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДИПЛОМ ҚАДРДОНӢ ШУД

Аз 22-юм то 24-уми ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид. Дар он ба ғайр аз ноширони ватанӣ ноширону адибон аз давлатҳои Туркия, Эрон,  Чин, Ҳиндустон, Русия, Туркманистон, Узбекистон беҳтарин намунаҳои китобҳои нашриёти хешро пешниҳод  намуданд.  Имсол беш аз 40 ношир зиёда аз 5 ҳазор китоби тозанашрро аз адабиёти бадеӣ, адабиёти кӯдакона, осори илмӣ, таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангу иҷтимоёт ба алоқамандони китоб пешниҳод намуд. Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватаниву хориҷӣ баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ муаррифии китоб ва таҳкиму густариши робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, ташвиқу тарғиби китоб ва китобхонӣ дар ҷомеа мебошад.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маҳсули таълифоти олимону пажуҳишгарони ин боргоҳи илму маърифат ба маърази намоиш гузошта шуд ва донишгоҳ барои ширкати фаъол дар ин чорабинии муҳташам бо диплом сарфроз гардонида шуд.

 
There are no translations available.

Кӯмаки моддӣ ба нобиноён

photo 203.jpg - 88.74 KbРаёсати донишгоҳ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии маъюбон, бепасарасторон ва муҳтоҷону ятимон дар асоси мактуби Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Турсунзода санаи 16-уми  марти соли  2019 дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ба 73 нафар нобиноён кӯмаки моддӣ расонид.

 
There are no translations available.

Ҷашни Наврӯзи аҷам дар факултетҳои донишгоҳ

Тайёр  намудани  дастурхони  наврӯзӣ  яке  аз  хусусиятҳои  хоси  таҷлили  ҷашни  Наврӯз  ба  ҳисоб  меравад. Зеро  дар  ҷашни  Наврӯз  хӯрокҳои  баҳорӣ  бо  гиёҳҳои  шифобахши  ватанӣ  омода  карда  мешаванд. Бинобар  ин  санаи  15-уми  марти  соли  равон  дар  даромадгоҳи  факултети биология бо  ибтикори   садорати  факултет  дастурхони  идона  бахшида  ба  ҷашни  байналмиллалии  Наврӯз  омода  карда  шуд, ки  назари  ҳар  як  бинандаро  ба  худ  ҷалб  менамуд. Дар  дастурхони  идона  таъомҳои  миллии  тољикӣ  ва  баҳорӣ  аз он ҷумла  шакароб, суманак, оши  буридаю  туппа  мавҷуд  буданд, ки  аз  омад - омади  фасли  баҳор  ва  Наврӯзи  хуҷастапай  дарак  медиҳад. Инчунин  дар  ин  рӯз  дар  гирди  дастурхони  идона  гулдухтарони  факултет  бо  либосҳои  миллӣ  аз  он  ҷумла  атласу  адрас  ба  ин  намоиш  ҳусни  тоза  мебахшиданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

Ифтитоҳи бинои таълимӣ барои факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин
Айнӣ

Возможно, это изображение 5 человек

29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, бинои нави таълимии факултети забон ва адабиёти русро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои тозабунёди таълимӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ ба
 
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ҶАЛАСАИ МУОВИНИ ИЛМ АЗ ШУНИДАНИ ҲИСОБОТИ САРКОТИБИ ШУРОҲОИ ДИФОЪ ОҒОЗ ГАРДИД
Возможно, это изображение 9 человек и Овальный кабинетИмрӯз тибқи нақшаи корӣ дар ҷаласаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳисоботи саркотиби шуроҳои дифоъ шунида шуда, дурнамо ва нақшаҳои ояндаи шуроҳои дифоъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақшаи мазкур ҳисоботи сохторҳои марбутаи илмӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои илмӣ шунида шуда, лурнамои фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

 

 


Page 381 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj