|
There are no translations available.
Мусобиқаи Донандагони забони Хитоӣ
Дар санаи 1 – уми марти соли 2019 дар кафедраи забонҳои Шарқи факултети забони англисӣ бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи маркази Конфутсии назди ДМТ ва ҳамзамон кафедраи забонҳои Шарқ миёни донишҷӯёни курсҳои дуюм, сеюм, ва панҷум даври аввали мусобиқа гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз маркази Конфутсии назди ДМТ, декани факултети забони англисӣ дотсент Баротзода Ф.К., мудири кафедраи забонҳои Шарқ Бекчаев Ё., омӯзгорони кафедраи Услубшиносӣ ва назарияи тарҷума Ҳафизова Барно, Маматмуродова Нилуфар, саромӯзгори ҳамин кафедра Худоиева Хиромон., омӯзгорони кафедраи забонҳои Шарқ Зиёева Моҳира ва Фарзонаи Раҳмон, аъзоёни ҳакамон Ванг Ҷи Хуан., Ҷанг Лей., Янг Ҷи Хон., Ҷоу Юнхе., Шаҳзодаи М., ва донишҷӯён иштирок намуданд.
|
|
|
There are no translations available.
Ифротгароӣ ва терроризм дар байни ҷавонон
Мардуми шарифи кишвар шаҳди меваи соҳибдавлатиро баъди ҳазорхо сол аз нав чашиданд. Сулҳ дар асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии ҳамаи тоифаҳои одамон аст. Дониш барои инсон мояи фазлу камол буда, инсонро комил мегардонад. Дар бисёр ҳолатҳо мушоҳида мешавад, ки чавонон аз рӯзҳои таътил истифода намуда, ба ҳар гуна кору амалҳои беҳуда ва ё зараровар машғул мешаванд. Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
|
|
There are no translations available.
Таҷлил аз 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳ
Дар санаи 22-уми феврали соли 2019 дар толори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ чорабинии идона бахшида ба 26-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабиниро Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику муборакбод гуфт.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ МУОВИНИ ИЛМ АЗ ШУНИДАНИ ҲИСОБОТИ САРКОТИБИ ШУРОҲОИ ДИФОЪ ОҒОЗ ГАРДИД
 Имрӯз тибқи нақшаи корӣ дар ҷаласаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳисоботи саркотиби шуроҳои дифоъ шунида шуда, дурнамо ва нақшаҳои ояндаи шуроҳои дифоъ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақшаи мазкур ҳисоботи сохторҳои марбутаи илмӣ аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои илмӣ шунида шуда, лурнамои фаъолияти онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ГЕОГРАФИЯ
15-уми октябри соли равон семинари илмӣ – назариявии факултети география дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белорусия дар мавзуи «Таҷрибаи тадқиқоти экологӣ – иқлимии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Белорусия» баргузор гардид.
Дар семинар муовини ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ, профессор Қурбонзода Р., раиси Ҷамъияти география дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Муҳаббатов Х., ва директори Институти истифодаи сарватҳои табиии Ҷумҳурии Белорусия, профессор Лысенко Сергей Александрович маърӯза намуданд.
Дар рафти семинар тарзу усулҳои муосири таҳқиқотҳои илмӣ оид ба омӯзиши иқлим ва ҷӯзъиётҳои он, захираҳои обӣ, замин ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Белорусия бо истифода аз технологияҳои навин ва зеҳни сунъӣ (искусственный интеллект) дар пешгӯиҳои тағйирёбии иқлим сухан намуданд.
 |
|
|
|
|
|
|
Page 385 of 656 |