• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

Ҳамоиши илмӣ-амалӣ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори гиромидошти забони модарӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд. Сароғоз муовини ректор оид ба масоили байналмилалӣ Аъзам Байдуллоев роҷеъ ба ҳифзи забонҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ сухан карда, иброз дошт, ки таваҷҷӯҳи давлат ба забони модарӣ ҳамарӯза меафзояд ва ҳифзу беолоиш нигох доштанги забони модарӣ вазифаи ҳамагон аст.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 12 человек и текстИмрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Меҳргон аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Айнуллозода Наҳтулло, муовини ректор оид ба корҳои таълими ҷашнро бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, тамоми омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ин иди миллӣ табрику таҳният хонданд. Ҳамчунин ба дастархони омоданамудаи факултетҳои донишгоҳ баҳои баланд дода, миннатдории раёсати ДДОТ ба номи С.Айниро ба онҳо расониданд. Сипас, барномаи консертии ансамбли “Чеҳранамо”-и донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардонид.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ
Возможно, это изображение 2 человека и текст14-уми октябри соли 2024 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ, чорабинии тантанавӣ таҳти унвони "Ҷашни Меҳргон-Ҷашни меҳрофарин",бахшида ба Иди Меҳргон баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ бахшҳои гуногуни фарҳангӣ ва фароғатӣ ба намоиш гузошта шуд. Дар чорабинии мазкур меҳмонон аз Раёсати Донишгоҳ, мудири шӯъбаи тарбия, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, раиси иттифоқи ҷавонони донишгоҳ, раиси бонувон ва сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар сатҳи хеле баланд доир гардида, намоиши шоҳу арӯси минтақаҳо, рақсҳои минтақа ва ҳамчунин намоиши меваву сабзавот ба роҳ монда шуд.

 
There are no translations available.

Чорабинии фарҳангӣ

Санаи 23-юми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Рӯзи артиши миллӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ бо иштироки намояндагони раёсати илм ва инноватсия, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои забонҳои романӣ-германӣ, математика, география ва филологияи тоҷик баргузор гардид.

 
There are no translations available.

Чорабинии тарбиявӣ

Санаи 22 феврали соли 2019, таҳти роҳбарии муаллими калони кафедраи «Методикаи таълими физика»-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Бобониёзова Г. А. магистри ҳамин кафедра Бутаева Г. Т. бахшида ба «26-солагии Рӯзи Артиши миллӣ» бо донишҷӯёни соли 3-юми ихтисоси физика-математика чорабинии тарбиявӣ баргузор намуд. Дар чорабинӣ мудири кафедраи «Методикаи таълими физика» Умаров У. С., муовини декан оид ба таълим Исмонов Ф., муовини декан оид ба тарбия Ниёзов С., мудири шӯъбаи магистратура Ахиева С., корманди раёсати илм ва инноватсия Абдуҷалилзода Ф. ва зиёда аз 50 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок карданд. 

 


Page 386 of 656
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj