|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ОМИЛҲОИ СИЁСИВУ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР МОНОГРАФИЯИ ОЛИМИ ДОНИШГОҲ РУИ ЧОП ОМАД
 Монографияе, ки аз ҷониби олими соҳа Шариф Қозиён, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқи донишгоҳ таҳия шудааст, фарогири мавзуоти муҳимтарини омилҳои сиёсиву ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Манография ҳамзамон дар худ усулу васоит ва омилҳои муҳимму камназири сиёсиву ҳуқуқии муқовимат бо коррупсия дар сохтори Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии онро ба риштаи илман асосёфта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, пешкаши хонанда гардонидааст. Муҳаққиқону донишҷӯён, унвонҷӯёну кормандони мақомоти ҳивзи ҳуқуқ ва доираи васеи шахсони ба ин мавзуъ мутаваҷҷеҳ метавонанд аз ин монография ба таври васеъ истифода намоянд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҶАЪФАРИ ТИРМИЗӢ МЕҲМОНИ МАҲФИЛИ «ХИРАДМАНД
Имрӯз, 23 сентябр дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи маҳфили «Хирадманд» мулоқот бо шоири тоҷикзабони Узбекистон Ҷаъфари Тирмизӣ баргузор гардид. Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба илм Дониёр Сангинзод оғоз намуда иброз дошт, ки Ҷаъфари Тирмизӣ рамзи дӯстии халқҳои тоҷику узбек буда, пайваста дӯстиву рафоқати ду миллатро тарғиб менамояд. Номрафта дар рушди адабиёти муосири тоҷику узбек саҳми муассир дорад ва тараннумгари муқаддасоту ормонҳои миллӣ, Модару Ватан, забону фарҳанг,
|
|
There are no translations available.
Коммунистпарастии падару босмачигарии писар, чӣ маъно дорад?
(Тадқиқоти журналистӣ «Оид ба озмоиши ахлоқии Салимпул бо тахаллуси «Ҷонона», масъули иттилоотии СПИИ дар Аврупои Шарқӣ»)
“Ҷонона”, лақаби тозаинтихоби Мирзо Салимпулро ин ҷо тасодуфан зикр накардаем. Ҳамин ҳоло, ки баҳсҳои муҳаррири сомонаи “Ахбор.ком”, гумоштаи собиқадори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ-Мирзои Салимпурро дар шабакаи иҷтимоӣ мехонем, ҳамон “Ҷононае”, ки иддае аз ҳамкасбонаш ӯро бо ин лақаби маҳрамона ном мегиранд, пеши назарамон меояд.
|
|
|
There are no translations available.
Терроризм ва экстремизм вабои аср дар ҷаҳони муосир
Терроризм ва экстремизм яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фарогирифтаву зиёда аз садхо таъриф барои мушаххас намудани он аз ҷониби олимон пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, ҳуқуқшиноси машҳурирус Л.А.Моджорян мегӯяд: «Терроризм амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои расидан ба ҳадафҳояшон равона карда мешавад».
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҲАМОИШИ ИЛМИВУ АДАБӢ БА ИФТИХОРИ УСТОД ГУЛНАЗАР
 Имрўз дар мавзеи оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба ифтихори арҷгузорӣ ба осори Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ ҳамоиши илмиву фарҳангӣ бо ибтикори устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик доир шуд, ки дар он устодону донишҷўёни факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ширкат намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 389 of 656 |