|
There are no translations available.
Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардидааст
Ёдовар мешавем, ки соли 2018 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 68,8 миллиард сомонӣ ё бештар аз 7,3 миллиард доллари ИМАро ташкил дод. Афзоиши иқтисодиёт аз нақшаи интизории ҳукумат 0,3% барзиёд таъмин гардид.Илова бар ин, Тоҷикистон аз рӯи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба сегонаи пешсафи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Тибқи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон бо 14,4% дар ҷои аввал, Тоҷикистон бо 11,8% дар ҷои дуюм ва Беларус бо 5,7% дар мавқеи сеюми радабандӣ қарор доранд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ АВВАЛИ ДОНИШГОҲ
 Ҳафтаи равон дар асоси нақшаи раёсати донишгоҳ Нигора Назарзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ дар толори васеи донишгоҳ давра ба давра бо донишҷӯёни соли аввали факултетҳои донишгоҳ суҳбатвохӯриҳо баргузорнамуда, зимни суҳбат-вохӯриҳо донишҷӯёнро ба ҳайати раёсати донишгоҳ, инчунин бо оинномаву низомномаи дохилидонишгоҳӣ шинос намуд.
суратгузориш аз ҷараёни суҳбат бо донишҷӯёни соли аввали факултетҳои филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ СОҲИБ ТАБАРОВ ВА МУШКИЛОТИ ОМӮЗИШИ АДАБИЁТИ ТОҶИКИ САДАИ ХХ
 17-уми сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистион ба номи Садриддин Айнӣ конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Соҳиб Табаров ва мушкилоти омӯзиши адабиёти тоҷики садаи хх” бо ибтикори факултети филологияи тоҷик баргузор гардид.
Конференсия бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, ки аз ҷониби Дониёр Сангинзод, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ироа гардид, ифтитоҳ гардид. Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати устодони дар конфронс ширкатдошта, аз ҷумла олимони соҳаи мазкур маърӯзаҳои пурмуҳтаво роҷеъ ба ҳалли мушкилоти масъалаҳои болозикр ироа гардид.
|
|
|
There are no translations available.
Аз нодонию таассуб ҷавононро ҳушёрӣ мебояд
Дар ҷомеаи имрӯза пешбурди соҳаҳои мухталиф ва роҳандозии онҳо аз ҷониби ҷавонон бараъло ба назар мерасад. Ин қишри ҷомеа дорои афкору андешаҳои нав, неруи муҳими пешбарандаи фарҳанги миллӣ, сиёсат, иқтисолиёт ва варзиш буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонанд хуб ба роҳ монанд. Имрӯзҳо Ҳукумати кишвар ба ин қисми аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар дошта, сол то сол ғамхорӣ нисбати ҷавонони ояндадори ҷомеа афзуда истодааст.
|
|
There are no translations available.
Пешвоз аз 26-умин солгарди Артиши миллӣ
Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст мо дар арафаи таҷлил аз 26-умин солгарди Артиши миллӣ қарор дорем. Рӯзи 14-уми феврали соли равон донишҷӯёни курси якуми гурӯҳи химия-экологияи факултети химия бо роҳбарии куратори гурӯҳ Урозова С.А дар толори бинои асосии донишгоҳ ин ҷашни миллиро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 390 of 656 |