|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД!
Имрӯз, 15-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ-назариявии профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва ба ифтихори Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
|
|
|
There are no translations available.

Дарси кушод муваффақияти таҷрибаомӯзон аст
Дар кӯдакистони хусусии «Зарринтоҷ» бо иштироки таҷрибаомӯзони курсҳои 5-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ-забони англисии факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ санаи 7-уми декабри соли равон дарси кушоди ҷамъбастӣ аз фанни забони англисӣ баргузор шуд. Рафти дарс аз хондани шеърҳо, сурудҳо, ҳарфёбак, бозиҳои шавқовари нақшдор ва нақл аз рӯи расм бо забони англисӣ буд.
|
|
There are no translations available.

Рӯнамоии ду китоб бахшида ба профессор Мирзо Аҳмадов
Дар толори факултети филологияи тоҷик санаи 13-уми декабр маҳфили ёдбуди профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ Мирзо Аҳмадов баргузор гардид. Дар маҳфили адабӣ, ки бо иштироки устодони донишгоҳ, ҳамкорон, дӯстон ва пайвандони устоди зиндаёд доир шуд, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ доктори илмҳои таърих Н.Убайдуллоев бо сухани ифтитоҳӣ аз кору эҷод ва зиндагиномаи пурбаракати устод Мирзо Аҳмадов ёдоварӣ намуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available. Ба ифтихори рӯзи мавлуди устод Садриддин Айнӣ
ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД
Имрӯз ба ифтихори зодрӯзи Асосгузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар сари турбати шоир воқеъ дар боғи ба номи Садриддин Айнии пойтахт маҳфили адаби ороста, бо арҷгузорӣ ба хотири неки ин фарзонафарзанди миллат бар пояи тандиси шоир гулчамбар гузоштанд.
Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ва декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Абдумаҷид Қурбонов аз хидматҳои мондагори устод Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти навтини тоҷик ёдовар шуда, донишҷӯён аз

|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд…
Соли 2018 як гурӯҳ устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҷиҳати шиносоӣ бо ҷойҳои таърихӣ ва макони зисти поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро сафар намудем. Дар шаҳри зебову ҳамешаҷавон, муҷаллло ва гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик Самарқанд аз хона- музейи устод дидан кардем. Тамошои хона-музейи поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ моро ба сайри таърихии зиндагиномаи устод дар солҳои пурталотуми ибтидои қарни ХХ бурд. Хонаи устод дар ҷониби рости маҷмааи таърихии Регистон ҷойгир аст. Чун вориди он гардидем, бо дастури Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев таъмиру таҷдиди он босуръат идома дошт. Мо бо утоқи кори устод, мизу курсӣ, чойнику пиёла, сандалӣ ва ҷое, ки осори худро таълиф намудааст, ошно гардидем. Дар даҳлези хона аксҳои нодири устод, лаҳзаҳои зиндагӣ, кӯдакиву наврасӣ, айёми камолот, мулоқот бо нависандагони тоҷику Шӯравӣ ва хориҷӣ маҳфузанд. Мутобиқи нақли роҳбалад се хонаи ҷониби чап манзили аслии устод ва хонаҳои ҷониби ростро ҳукумати Ӯзбекистон бунёд
|
|
|
|
|
|
|
Page 427 of 656 |