|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҚАБУЛИ РЕКТОР: ДАСТГИРИИ МУРОҶИАТКУНАНДАГОН ДАР ДОИРАИ ҚОНУН ВАЗИФАИ МОСТ!
 13-уми апрели соли 2024 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чун ҳамешагӣ қабули шаҳрвандону муроҷиаткунандагон аз ҷониби ректори донишгоҳ баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагонро ректори донишгоҳ дар доираи қонун мавриди баррасиву дастгирӣ қарор дода, масъулинро ҷиҳати иҷро дар доираи талаботи муайяншуда вазифадор намуд.
|
|
|
There are no translations available.

НБО “РОҒУН” – ЗАМИНАИ АСОСӢ БАРОИ ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ
Тоҷикистон бо мавқеи ҷойгиршавии географии худ дар минтақае қарор гирифтааст, ки сарчашмаи ташаккули захираҳои обии минтақа мебошад. Истифода аз ин захираҳо омил ва шарти асосии таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва баланд гардидани мавқеи сиёсии он ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
|
|
There are no translations available.

Ҷамъбасти озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба ҷашнҳои давлатӣ
Ҳафтаи равон дар донишгоҳ озмуни мақолаи беҳтарин бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ҷамъбаст гардид. Тавре аз натиҷаҳои ҷамъбасти озмун бармеояд, ҷои якумро донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик Назиров Муҳаммадраҳим, ҷои дуюмро донишҷӯи курси чоруми факултети таърих Даминов Муҳаммад ва ҷои сеюмро донишҷӯи курси дуюми факултети химия Абдураҳмонов Абдулхайр ва донишҷӯи курси чоруми факултети технология ва иқтисодиёт Абдуллоев Умед сазовор гардиданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
(БО УСУЛИ ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ)
 Дар таърихи 12-уми апрели соли равон бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои муштарак бо мақсади баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар нимсолаи якуми соли 2024, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёни факултетҳо бо усули факултет ба факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Амир Иброҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР БАҲРИ РАСИДАН БА МУЗАФФАРИЯТҲО ИҶРО ШУД!
 Имрӯз бо ташаббуси муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Сангинзод Дониёр, Сардори Раёсати илм ва инноватсия дотсент Зикирзода Ҳобил ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Ҳомидов Бобоҷон вохӯрии навбатӣ бо иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон-ватани азизи ман” баргузор гардид. Дар ибтидо муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор Сангинзод Дониёр дар бораи тадбиқи амалии Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати
|
|
|
|
|
|
|
Page 429 of 656 |