• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

Чорабиниҳои гуногун бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Бо ташаббуси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ташкили  конфронси маърифатӣ-фароғатӣ ва дарсҳои кушоди тарбиявӣ дар донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии пойгоҳии таҷрибаомӯзон ба нақша гирифта шуда, баргузор гардиданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

Возможно, это изображение 5 человек, помост и текстИмрӯз дар донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, аспирантон, магистрантону унвонҷӯён ва донишҷӯён дар мавзуи “Терроризм ҳамчун омили таҳдидкунандаи пойдории давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 оғоз шуд. Дар сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз 28 декабри соли 2023, соли 2024-ро “Соли

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ТОЗАНАШР:
МЕТОДҲОИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАТЕМАТИКӢ
Возможно, это изображение текстКитоби дарсии номзади илмҳои физика-математика, дотенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Маҳкамов Мамадҷон бо номи «Методҳои ҳалли масъалаҳои математикӣ» ба тозавгӣ интишор гардида, барои донишҷӯёни тахассусҳои математика, информатика ва физика пешбинӣ шудааст. Он методҳои ҳалли масъалаҳои математикиро дар бар гирифта, дорои маводи назарӣ, таснифоти методҳои ҳал ва супоришҳои амалӣ барои кори мустақилонаи донишҷӯён мебошад.
Китоб барои истифодаи тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳо ва унсурҳои таърихи математика дар раванди таълими фанни мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти миёна ва умумӣ имкон фароҳам меорад.

 
There are no translations available.

Баргузории озмун бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Санаи 24-уми ноябр дар кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ба истиқболи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади идона баргузор гардид, ки дар ҳошияи он озмуни газетаи деворӣ ташкилу гузаронида шуд. Ҷамъомадро мудири кафедра А. Кулобиев ифтитоҳ намуда, оид ба таърихи ин рукни муҳими давлатдорӣ ва қадру манзалати он ибрози назар кард.

 
There are no translations available.

Идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар факултети таърих

Дар доираи чорабиниҳои гуногуни илмию маърифатӣ ва фарҳангию тарбиявӣ бахшида ба таҷлили сазовор аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 2018 дар факултети таърих конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон” доир гардид. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс декани факултети таърих дотсент А. Муродзода ҳозиринро ба ин муносибат таҳният гуфта, зимни суханронии худ аз таърихи ойини парчамдории халқиятҳои гуногуни олам, аз ҷумла ақвоми ориёӣ, аҳаммияту гиромидошти ин рукни давлатдорӣ дар таърихи бою ғании миллати тоҷик андешаҳои хешро баён дошт.

 


Page 434 of 656
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj