• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтироми Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам як рамзи хоссаи истиқлолият, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат аст.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

 

ШИРКАТИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАТОРИСТОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОСИЯ
Возможно, это изображение 2 человека, телевизор, отдел новостей и текстАз санаи 3-ум то 5-уми апрели 2024 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия Форуми байналмилалии Татористон оид ба энергетика ва самаранокии захираҳои энергетикӣ (ТЭФ-2024) баргузор гардида истодааст. Ин як платформаи бонуфузи касбӣ барои муколамаи созанда, табодули таҷрибаи пешқадам, муаррифии ғояҳои нав, технологияҳои ояндадор ва лоиҳаҳо дар соҳаи самаранокии энергия ва захираҳои он, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ҷалби сармоягузориҳои мақсаднок, намоиши дастовардҳои илмӣ, коркардҳои нав, таҳкими муносибатҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва
 
Хабарҳо
There are no translations available.

УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ҲАЙАТИ ДОВАРОНИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МАСКАВ БА НОМИ М. ЛОМОНОСОВ ДАР ДУШАНБЕ

Рӯзи 2.04.20214 дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар Душанбе давраи аввали озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид. Сараввал муовини Директори иҷроияи донишгоҳи мазкур Диноршоев Азиз Мусо ҳадаф ва моҳияти озмуни мазкурро тавзеҳ дода иброз дошт, ки он бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафаш дарёфти падидаҳои тоза ва чеҳраҳои нави китобхон, донандагони осори ниёгон ва муосир, суханварони боистеъдод ва хонандагони забондон аст. Тавассути он озмун ҳамасола даҳҳо хонандагони фаъолу зирак ва дорои истеъдодҳои фавқуллодда кашф гардида бо мукофатҳои пулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин тадбир барои раҳнамун кардани

 
There are no translations available.

Чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ бахшида Рӯзи Парчами давлатӣ

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми ноябр дар толори бинои асосии донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ чорабинии тарбиявию фарҳангӣ доир гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷ. Мусоҷонова, раиси шӯрои кураторони донишгоҳ Г. Баротова, мудири шуъбаи тарбия Қ. Иброҳимов, мудири бахши фарҳанг О. Ашурова ва дигар устодону донишҷўёни донишгоҳ ширкат доштанд.

 
There are no translations available.

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 22-юми ноябр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Саъдӣ Қосимов ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти кишвар таҳният гуфт.

 


Page 436 of 656
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj