|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
МОДАР ФАРИШТА АСТ
 Имрўз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ифтихори таҷлили санаи фархундаву пурҷалоли Рўзи модар ҷамъомади пуршукуҳ доир шуд. Ректори донишгоҳ, зимни ифтитоҳи ин чорабинӣ иброз дошт, ки зан – модар дар ҳақиқат муқаддасу равшанкунандаи ҳаёти инсон дар ҷомеа мебошад. Ҳангоме ки мо симои модарро пеши назар меорем, аз вуҷудаш нур меборад. Ширинтарин ва лазизтарин сухане, ки ба забон меорем, ин модар аст. Модаре, ки шабҳо бари гаҳвораи мо нишаста алла мехонд, аз нотобии мо ранҷ мекашид, раҳпоӣ менамуд, бо дастони нармаш сари моро сила мекард.
|
|
|
There are no translations available.

Баргузории ҳамоиши илмӣ ба истиқболи солгарди Иҷлосияи таърихӣ ва Рӯзи Президент
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва натиҷаҳои аз он бадастомада дар пойдории давлати тоҷикон, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, амният ва ҳамраъйии ҳар як фарди Тоҷикистон ба сиёсати созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти нави давлату ҳукумат нақши арзанда бозидааст, - зикр гардид дар суханронии декани факултети таърих дотсент А. Муродзода дар ифтитоҳи конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳафтаи равон дар факултети таърихи донишгоҳ баргузор гардид.
|
|
There are no translations available.

Чорабиниҳои ҷашнӣ дар факултетҳо идома меёбанд
Бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода – Рӯзи Президент, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва ба истифода додани чархаи нахустини НБО “Роғун” бо ташаббуси факултети химия ҳафтаи равон дар толори бинои асосии донишгоҳ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
МАНЪИ ТЕЛЕФОНҲОИ СЕНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ!
 Бо тасмими раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз оғози соли нави таҳсил, яъне аз сентябри соли 2024 аз ҷониби донишҷӯён истифодаи телефонҳои сенсории смартфон дар раванди таълим ва ҳудуди донишгоҳ қатъиян манъ карда мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истифодаи бемавриди телефонҳои мобилӣ дар синфхонаҳои таълимӣ ба раванди азхудкунӣ ва донишандӯзии донишҷӯён халал ворид намуда, сифати дарсҳо ва машғулиятҳои таълимию тарбиявии омӯзгоронро коста мегардонад. Дар баробари ин, тамошои мунтазами наворҳои видеоии сомонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ, ки хусусияти ифротгароёна, террористиву экстремистӣ ва ғайриахлоқиву дур аз фарҳангӣ миллӣ доранд, ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ИМРӮЗ ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МАВЗУИ МУҲИММИ СИЁСӢ-ҲУҚУҚӢ БАРГУЗОР ГАРДИД!
 Имрӯз дар толори васеи бинои асосӣ хониши сиёсӣ аз рӯи мавзуи “Шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва оилаи ҳуқуқии ҷаҳони муосир” баргузор гардид.
Ҳар ҳафта як маротиба дар толори васеи бинои асосии донишгоҳ бо иштироки омӯзгорон атрофи як соат хониши сиёсӣ дар мавзуъҳои мухталифе, ки фарогири тарбияи ватандӯстӣ, ҳифз ва эҳтироми муқаддасоти миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ мебошанд, баргузор карда мешавад.
|
|
|
|
|
|
|
Page 443 of 656 |