|
There are no translations available.

ДИКТАНТ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз, 5-уми октябри соли 2018, дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Раёсати донишгоҳ донишҷӯён ва устодони факултет ва кафедраҳо ба навиштани диктанти умумӣ ҷалб карда шуданд. Мавзӯъҳои диктант аз матнҳои бадеии классикони гузаштаи тоҷик, осори адибони муосир ва суханрониҳои Пешвои миллат баргузида шуда, навиштани диктант ба таври муташаккилона соати 0900 оғоз ёфт.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РЕКТОР: ОМӮЗГОРОНЕ, КИ ДАРСҲОИ ВИДЕОИЯШОНРО ПУРРА САБТ КАРДААНД, АЗ 500 ТО 1000 СОМОНӢ ҲАВАСМАНД КАРДА ШАВАНД!
 20-уми ноябри соли 2023 ректори донишгоҳ бо иштироки муовинон, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа ректор масъалаҳои ҳолати ҳозиршавии донишҷӯён ба дарс, бо худ нагирифтани ҷузвдону лавозимоти дарсӣ аз ҷониби донишҷӯён, масъалаи иштироки устодону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар интиҳо ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намуд, ки ба
|
|
There are no translations available.
БЕҲТАРИН ҶАВОНДУХТАРИ ҲУНАРМАНДИ СОЛ МУАЙЯН ШУД
Бо ташаб буси қисми тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» миёни донишҷўдухтарони факултетҳои донишгоҳ озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол» баргузор гашт, ки аз ҳар як факултет як нафар донишҷўдухтар иштирок карданд. Озмун аз панҷ шарт иборат буд, ки ҳар як шарт то панҷ дақиқа иҷро карда шуд. Дар охир беҳтаринҳо муайян гардиданд ва ҷойи якум насиби донишҷўи факултети филологияи тоҷик Убайдуллозода Нодира шуда, ӯ инчунин барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Сазовори ҷойи дуюм донишҷўи факултети математика Ҳоҷиева Мадина ва ифтихорманди ҷои сеюм донишҷўёни факултетҳои физика Давлатзода Меҳрона ва забон ва адабиёти рус Муқумова Мавлуда гардиданд.
|
|
|
There are no translations available.

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУХТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини мо мебошад, самимона табрик мегӯям.
Забони миллӣ мисли шаҳсутун бинои маънавии давлатро побарҷо нигоҳ дошта, маърифату фарҳанг, ахлоқу одоб, бинишу афкори миллатро чун ойина дар худ инъикос мекунад.
Ин аст, ки забони тоҷикӣ асоси ҳувияту худшиносии миллии мо ба шумор рафта, барои ҳар фарди тоҷик азизу муътабар мебошад, зеро танҳо ба василаи забони миллӣ метавон ҳофизаи таърихиву фарҳангиро пос дошта, пайванди хешро бо адабиёту фарҳанг ва илму дониши дар тӯли ҳазорсолаҳо офаридаи халқамон эҳсос намуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДОНИШҶӮЁНИ АЪЛОХОНИ ДОНИШГОҲ АЗ СОЛИ ОЯНДА БА ФАРОНСА РАВОН КАРДА МЕШАВАНД
 16-уми ноябри соли 2023 Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо намояндагони сафорати Фаронса аз ҷумла, Серж Беллинӣ - атташеи минтақавӣ оид ба масъалаи маориф ва Жули Оффре-Карю-атташе оид ба масъалаҳои фарҳангӣ вохӯрӣ анҷом дод.
Ҷонибҳо оид ба мушкилот ва дурнамои омӯзиши забони фаронсавиро баррасӣ намуда, ба роҳ мондани лоиҳа оид ба омӯзиши забон ва адабиёти Фаронса, бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисон ва
|
|
|
|
|
|
|
Page 461 of 654 |