|
There are no translations available.
ЗИ ДОНИШ МЕШАВАД ВО БАНДИ МУШКИЛ!
Паёми табрикии ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ба ифтихори фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодон ва донишҷӯёни арҷманд!
Дӯстони азиз!
Дар Ватани маҳбуби мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, басо рамзиву сурурбахш аст, ки оғози ҳар соли нави таҳсил ҳамбастагӣ бо воқеаҳои муҳим ва рӯзҳои таърихӣ дорад. Дар нахустрӯзҳои соли нави таҳсил дар кишварамон дарси Сулҳ бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, Рӯзи дониш ва Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Аҳли ҷумҳурӣ 9 сентябр солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо камоли ифтихору шукргузорӣ ҷашн мегиранд, ба нишони ифтихор аз давлату давлатдории мустақили тоҷикон намоишу тантанаҳо меороянд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДАСТОВАРД
 Дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои факултети математика ва информатика, номзади илмҳои физика – математика Чориев Умедулло дар конференсияи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия рӯзҳои 26 – 28 юми сентябри соли 2023 баргузор гардид, тариқи маҷозӣ 27-уми сентябри соли 2023 ширкат намуда, дар мавзуи “Об одном интегрально – разностных уравнений применяемых в суммировании мультипликативных функций” ва инчунин рӯзҳои 29 – 30-юми сентябри дар конференсияи байналмилалии дигаре, ки дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи шаҳри Денави вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, маҷозан иштирок намуда, дар мавзуи “Оценка сумм мультипликативных функций по числам, простые делители которых лежат в заданных интервалах” баромад намуд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби масъулини конференсияи Ҷумҳурии Узбекистон бо Сертификат қадрдонӣ гардид, ки онро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. дар Шӯрои олимони илмию методӣ ба муаллиф бо тантана тақдим намуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД
 30-юми октябри соли 2023 ҷаласаи Шурои илмӣ-методии донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он раиси ҷаласа Сангинзод Д.Ш., котиби Шурои илмӣ-методии Донишгоҳ Ҳамроев А.Н. ва 14 нафар аъзоёни Шуро иштирок намуданд. Рӯзномаи ҷаласаи мазкур аз 4 масъалаи асосӣ ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд. Масъалаҳои баррасишуда “Ҳолати иҷроиши лоиҳаҳои фармоишӣ, грант ва бурсия дар кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва факултетҳо”, “Вазъи фаъолияти таълимию методӣ ва ҳуҷҷатгузории донишҷӯёну магистрантони хориҷӣ”, “Оид ба тақсимоти
|
|
|
There are no translations available.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил

Устодону донишҷӯёни гиромӣ!
Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ!
Ҳозирини арҷманд!
Ҳамаи шумо ва устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагону донишҷӯён, аҳли маориф, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик мегӯям.
|
|
There are no translations available.
АСОСҲОИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ
Тундгароӣ, ифротгароӣ, зӯроварӣ, таҳқиру таҳдид ва куштори бемислу монанди ҳам одамони ҳарбӣ ва ҳам аҳолии осоиштаю бегуноҳ дар ин даргириҳо, ки қабули он ба ақли солим ҳеҷ имкон надорад ва асоси онро ҳаракатҳои террористӣ ташкил медиҳад.
Асосан терроризмро ба намудҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст.
|
|
|
|
|
|
|
Page 469 of 654 |