• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

Сайёҳати фараҳбахш

Садорати факултети таърих санаи 19.02.2018 тибқи нақша чорабиниҳо бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳӯнарҳои мардумӣ» 60-нафар донишҷӯёни аз хориҷи кишвар  ба таҳсил фаро гирифта шуда аз ҷойҳои таърихи ш. Душанбе аз ҷумла «Мӯҷасамаи Исмоилӣ Сомонӣ», «Китобхонаи миллӣ», «Боғи Рӯдакӣ», «Парчами лавлатӣ», «Маҷмаи наврӯзгоҳ» ва «Осорхонаи миллӣ» дидан намуданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

МУЛОҚОТИ РЕКТОР: ДАРСҲОИ ВЕДЕОӢ, КИТОБҲОИ ДАРСӢ, ВАЗЪИЯТ, ВОҚЕИЯТ, ДУРНАМО ВА ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАҲОИ ДОНИШГОҲ

Возможно, это изображение 1 человекНимаи дуюми имрӯз, Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат вохӯрии судманд бо кормандону омӯзгорон, профессорону мудирони кафедраҳои факултети филологияи тоҷик, таърих ва ҳуқуқ, баргузор намуд.
Ректори донишгоҳ дар ҷаласа асосан ба фанҳои таълимӣ ва маводу китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, аз вазъи норасоии китобҳои дарсии фанҳои мазкур изҳори нигаронӣ намуд.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ зикр кард, ки раёсати донишгоҳ ҳамаи имкониятро барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзӣ фароҳам овардааст ва дар ин замина устодон бояд китобҳои дарсии фанни худро омода намоянд.
Ҳамзамон дар ҷаласа зикр гардид, ки баъзе омӯзгорону докторон ва профессорони мо солиёни зиёд аз рӯи чанд фанҳои таълимӣ дарс мегӯянд, аммо мутаассифона чанде аз ин фанҳое, ки онҳо таълим медиҳанд китобҳои дарсӣ надоранд.
 
Хабарҳо
There are no translations available.

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТЕ, КИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ОНҶО МУТАСАДДӢ АСТ!
10-уми июни соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки тибқи нақшаи Вазири маориф ва илмӣ мутасаддӣ дар Ҷамоати деҳоти “Заргар”-иноҳияи Кӯшониён мебошад, аз рафти корҳои ободониву созандагии ин ҷамоати калонтарини ноҳия дидан намуд.
Ректори донишгоҳ дар якҷогӣ бо гурӯҳи вазифадоршуда аз 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, як гимназияи барои кӯдакони болаёқату як кӯдакистони хусусӣ, корхонаи истеҳсоли равғанбарориву корхонаи коркарди “Пахта” ва беморхонаи марказии Ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кушониён дидан намуд.
Маврид ба зикр аст, ки нимаи дуюми рӯз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро ба ин Ҷамоат ташриф оварда, дар толори маҷлисии муассисаи таълимии №14 бо фаъолони Ҷамоати деҳоти "Заргар"-и ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия мулоҷот анҷом дод.
 
There are no translations available.

Эълон

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯён ва омӯзгорони математика расонида мешавад, ки ҳар ҳафта рӯзи сешанбе аз соати 13:00 то 14:00 дар синфхонаи 21 маҳфили «Математикони ҷавон» бо роҳбарии омӯзгори кафедраи методикаи таълими математика дотсент М.Маҳкамов баргузор мегардад.

Марҳабо ба хоҳишмандон ва дӯстдорони математика!!!

 
There are no translations available.

Китоби тозанашр дар факултети математика

Дар факултети математика маҳфили «Математикони ҷавон»
бо роҳбарии дотсени кафедраи методикаи таълими математика М.Маҳкамов амал мекунад. Дар маҳфил донишҷӯёну устодони факултет ва хонандагони баъзе мактабҳои шаҳр иштирок менамоянд ва дар ин маҳфил мисолу масъалаҳои мушкил ва ғайристандартие, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешавад, ки иштирокчиёнро рӯ ба навоварию эҷодкорӣ меоварад.

Ду нафар донишҷӯёни боистеъдоди курси чоруми ихтисоси математика Авезов Р ва Аминов Н бо роҳбари маҳфил дар ҷодаи омӯзиш ҳамкории зич дошта, якчанд мавзуҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд ва мақолаҳояшон дар маҷаллаҳо ва маводҳои конфференсияҳо нашр шудаанд. Аз мақолаҳои нашршуда ва  мавзуҳои наве, ки дар ин маҳфил таҳлил намудаанд, дастури «Масъалаҳои ғайристандартӣ»  бо тавсияи

 


Page 481 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj