|
There are no translations available.
Ҳисоботи
кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳӣ
Мутобиқи банди 3.1. и қарори Шӯрои олимон аз 28.09.2017, № 2/3 “Дар мавриди тасдиқи нақшаҳои инфиродии омӯзгорон” маълум менамоем, ки тибқи қарори ҷаласаи кафедра аз 28.08.2017 нақшаҳои инфиродии 11 нафар кормандони тасвибӣ ва 4 нафар ҳамкорон (дар маҷмӯъ 15 нафар) саривақт тасдиқ карда шуданд.
Дар робита ба банди 2 и қарори Шӯрои олимон аз 28.09.2017, № 2/7 “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар кафедра нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст. Дар ҳамаи ҷаласаҳои кафедра зарурияти ин қонун таъкид мегардад. Илова бар ин як маҳфили “Забон донӣ, ҷаҳон донӣ” ба ҳамин масъала бахшида шуд, ки дар он 16 нафар аъзои маҳфил ширкат намуданд. Оид ба иҷрои банди мазкури қарори Шӯрои олимон кафедра тасмим гирифтааст, ки пайваста чорабиниҳо доир намояд. Моҳи марти соли 2018 баргузории “Мизи мудаввар” дар назар аст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ПОЯГУЗОРИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ТОҶИКИСТОН
31-уми майи соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони "Пешвои миллат - поягузори сулҳу субот дар Тоҷикистон" мизи мудаввар баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, сармутахасиси раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии кумита Саодат Исайнӣ, корманди бахши таҳлил ва иттилооти кумита Ҷонибек Давронов, олимону муҳаққиқони ҷавон ва як қатор донишҷӯён ширкат намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РЕКТОР: ПЕШРАФТИ КОРИ МО АЗ ТАТБИҚИ ДУРУСТИ БАРНОМАҲОВУ СТАНДАРТҲОИ СОҲА ВОБАСТА АСТ!
25-уми майи соли 2023 ҷаласаи васеи назоратии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва сардорони шуъбаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.
Ҷаласаро Аҳлиддин Ибодуллозода аз якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳое, ки дар хулосаи Агентӣ дарҷ гардида буданд оғоз намуда, ҳамзамон масъалаҳои назарати ҷиддии раванди ҳозиршавии омӯзгорон ба дарс, танзими меъёри ҳуҷҷатҳо, танзими ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон шакли таҳсили рӯзона ва фосилавиро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
|
|
There are no translations available.
Химояи рисолаи номзади
Рӯзи 15-декабри соли 2017 ГУРГУЛИЕВА ОБИДА ҲАСАНОВНА РИСОЛАИ НОМЗАДИРО ДАР МАВЗУИ "ТЕХНОЛОГИЯИ ПЕДАГОГИИ ТАШАККУЛИ САЛОҲИЯТИ КОММУНИКАТИВИИ ДОНИШҶӮЁНИ ИХТИСОСҲОИ ГУМАНИТАРИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ (СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА МЕҲМОННАВОЗӢ " БО МУВАФАКИЯТ ҲИМОЯ КАРД
|
|
There are no translations available.
Ҳисоботи
садорати факултети забони англисӣ
Садорати факултети забони англисӣ ба маълумоти Шумо мерасад, ки дар ҳафтаи сипаригашта омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсии зерин ширкат варзиданд:
- Дар санаи 7-юми ноябри соли ҷори дар бинои асоси донишгоҳ дарси кушод дар мавзӯъи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» аз ҷониби дотсенти кафедраи «Фалсафа» Бердиев Ш. баргузор гардид, ки дар он декани факултет дотсент Бародзода Ф. К. муовини декан оид ба тарбия Шералиев С. муовини декан оид ба илм ва инноватсия Холиқов А. мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва ҳама донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 483 of 654 |