|
There are no translations available.
Ҳисоботи
мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ Рустамова Г.
Дар кафедраи мазкур як қатор корҳо ва чорабиниҳо гузаронида шуд
04.12.2017 то 09.12.2017:
- Дарси кушод дар мавзӯи «Глагол. Неопределенная форма глагола» бо донишҷӯёни курси якуми ихтисоси Олигофренопедагогикаи факултети психология. 7.12.2017.
- Иштироки омӯзгорони кафедра ба дарсҳои ҳамдигардарои мувофиқи нақшаи пешбинишуда.
- Семинари илмӣ бо роҳбарии н.и.п. Шарифов С.
- Навбатдории устоди кафедра Ғуломҷонов З. дар хобгоҳҳои №2, №3 донишҷӯён. 4.12.2017.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ҶОПОН ҶАЛБ МЕШАВАНД
12-уми майи соли равон дар доираи ҳамкориҳо намояндагони Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни ихтисоси таърих ва муносибатҳои байналхалқии факултети таърих ва ҳуқуқ маърӯзаи омӯзишӣ баргузор намуданд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қурбонзода Рухшона меҳмононро муаррифӣ намуда, ба донишҷӯён иштироки фаъолонаро таъкид намуданд.
Бояд зикр кард, ки маърӯзаи омӯзишӣ аз тарафи Мушовир, муовини роҳбари намояндагии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Томонори Ҳасегава баргузор карда шуд. Боиси хушнудист, ки муҳтарам Томонори бо забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, баён намуд, ки мақсад аз ин тасмим эҳтиром ба забону фарҳанги ин миллат мебошад.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҶОПОН ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲОРО БО ДОНИШГОҲ БАРРАСӢ НАМУД
12-уми майи соли равон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти ҳайати намояндагони ин сафорат таҳти сарварии Мушовир, муовини роҳбари намояндагӣ муҳтарам Томонори Ҳасегава бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қурбонзода Рухшона баррасӣ гардид.
Зимнан Қурбонзода Рухшона аз ташаббус дар самти таҳкими ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуд, иброз дошт, ки минъбаъд дар доираи ҳамкориҳои судманд ҷиҳати таъсиси ихтисоси забони ҷопонӣ, роҳандозӣ намудани барномаҳои таҳсилотии муштарак, табодули академии донишҷӯён, магистрон ва такмили ихтисоси омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.
|
|
|
There are no translations available.
Ҳисоботи якҳафтаинаи декани факултети психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир
Санаи 5 декабр доир ба татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамаи гурӯҳҳои академӣ дарси навбатӣ баргузор шуд. Омӯзгор Норбоев Ю. аҳамияти тағйиротҳоии дар моддаи 10-и Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну мароси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шударо шарҳ дода дар бораи тартиби гузаронидани маросими азодорӣ ва таъзияро бо мисолҳо ба донишҷӯён фаҳмонида дод.
Санаи 6 декабр омӯзгорон Обидова М., ва Дадобоева М. бо мақсади дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявӣ аз фанни олигофренопсихология донишҷӯёни ихтисосҳои махсусро фориғ аз дарс ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор сафарбар намуданд. Дар ин муассиса кӯдакони имконияти махсусдошта, аз ҷумла дорои дараҷаҳои сабуки олигофренӣ, фалаҷи узвҳои такягоҳӣ- ҳаракатӣ, кӯдакон
|
|
There are no translations available.
Ҳамадон
Санаи 06.12.2017 дар факултети таърих маҳфили «Ҳамадон» баргузор гардид. Сараввал муовини декан оид ба тарбия Т. Наҷмуддинов ва муовини декан оид ба илм Шарфова М. суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки дар ҳақиқат имрӯз ҷавонони мо «Неърӯи созанда ва бунёдкори имрӯзу фардои кишвари азизамон» ба ҳисоб рафта дар ҳама чорабиниҳои факултетӣ, донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунанд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 485 of 654 |