• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

2-юми феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур ректори донишгоҳ, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректор, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо ширкат намуданд.
Ҷаласаро ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, зимнан иброз дошт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамарӯза миёни донишҷӯёни факултетҳо, инчунин дар хобгоҳҳои донишгоҳ вохӯриву суҳбатҳо миёни донишҷӯён баргузор намуда, ҷиҳати дурӣ ҷустан ва огаҳӣ пайдо намудан аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ки оқибати нохуб дорад, онҳоро огоҳ менамояд.

 
There are no translations available.

Гузаронидани мизи мудавар «Забони руси- забони муоширати байналҳалқи»

Дар санаи 20.11.2017. дар толори Маркази Русии  факултети забон ва адабиёти рус  озмун  бахшида «Забони руси- забони муоширати байналҳалқи» баргузор гардид. Озмун  бо ташабуси роҳбари  маҳфили «Русское слово» Холназарова Н., ки дар кафедраи забони муосири рус ва забоншиноси умуми  фаолият дорад ташкил ва гузаронида шуд.

 
There are no translations available.

«Парчам дорӣ шарафмандист»

Санаи  22.11.2017 соати 1300 бахшида ба  «Рӯзи  парчам» дар факултети таърих конфренсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзӯи «Парчамдорӣ шарафмандист» баргузор  гардид. Дар аввал  суруди миллӣ садо дода, парчам аз тарафи донишҷён  ба саҳна ворид карда шуд. Нахуст   сухани  ифтитоҳиро  муовини декан оид ба тарбия Наҷмуддинов Т. оғоз намуда, қайд намуд, ки имрӯз боиси  ифтихор ва шарафмандист, ки парчами давлатро ҳар фарди бонангу номуси кишвар ҳифз ва онро  эҳтиром намуда,  барои

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ПАЙОМАДИ НИКОҲИ ХЕШУТАБОРӢ НОГУВОР АСТ

Дар таърихи 2 феврали соли 2023 дар факултети психология доир ба никоҳи хешутаборӣ ва оқибатҳои он семинар баргузор гардид. Дар кори семинар муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, мутахасссиси Маркази шаҳрии ташакули тарзи ҳаёти солим Худойдов Аҳмадҷон, декани факултет Дадабоева Мадина, профессори кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ Маҷидова Бибиҳафиза, устодони кафедраи психологияи умумӣ ва педагогӣ Назарова Зебонисо ва Рустамова Зарина ширкат ва суханронӣ карданд. Зикр карда шуд, ки никоҳи хешутаборӣ пайомади нохуш дорад ва дар никоҳи хешовандони наздик хатари тавлиди кӯдакони бемор 25%-ро ташкил менамояд. Дар сурати бо писари хола, тағо, амак издивоҷ намудан ин хатар ба 46 % мерасад.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАР ТАРБИЯИ ДОНИШҶӮЁН САҲЛАНГОРӢ НАБОЯД КАРД

Дар таърихи 1 феврали соли 2023 дар асоси дастури ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Нигора Назарзода ҷаласа баргузор гардид, ки дар он кормандони шуъбаи тарбия ва муовинони деканон оид ба корҳои тарбиявӣ иштирок карданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои назорати хобгоҳҳои донишҷӯён ва шароити зисти онҳо, баргузор намудани вохӯриҳо бо намояндагони мақомот ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявии демократӣ ва пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифроттгаро, назорати сару либоси устодону донишҷӯён, интизоми меҳнат ва амсоли инҳо баррасӣ шуданд.

 


Page 498 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj