|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ИҚДОМИ НАВБАТИИ РЕКТОР: ҒОЛИБОНИ ОЗМУН МИНБАЪД БО ТАҲСИЛИ РОЙГОН ВА ҶОИ КОР ДАР ДОНИШГОҲ ТАЪМИН МЕШАВАНД!
Дар асоси тасмим ва иқдоми навбатии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ минбаъд донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, дар зинаи таҳсилоти магистратура тариқи буҷавӣ ба таҳсил ҷалб карда шуда, баъд аз хатми зинаи мазкур дар донишгоҳ ба кор таъмин карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки ин тасмими ректори донишгоҳ дар заминаи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй гирифта шудааст.
|
|
|
There are no translations available.
Соглашение о взаимном сотрудничестве с Шансийским педагогическим университетом
В прошлом году наш университет заключил Соглашение о взаимном сотрудничестве с Шансийским педагогическим университетом, который находится в бывшей столице Китая – г.Сиань. В процессе переговоров проректором по международным связям нашего университета Абдуллаевой Р.Х. была предложена идея о создании Союза между университетами стран, расположенных вдоль Великого Шелкового пути, который на протяжении многих столетий являлся связующим звеном взаимопонимания и сближения культур наших стран и народов.
|
|
There are no translations available.
Ҷараёни олимпиада дар факултетҳо
Дар санаи 10.11.2017 даври аввали олимпиадаи донишгоҳӣ дар факултети Таҳсилоти ибтидоӣ, Биология, Забони русии умумидонишгоҳи ва Психология баргузори гардид, ки дар он иштирокчиёни олимпиада фаъолона иштирок намуданд. Олимпиада хеле хуб гузаронида шуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҲИСОБОТИ СОЛОНАИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ПОЙТАХТ
Дар таърихи 3 январи соли 2023 ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки ҳайати профессору устодон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо ва роҳбарони зерсохторҳо дар ҳузури намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи ректори донишгоҳ Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло оид ба натиҷаи фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар раванди баромади хеш ректори донишгоҳ доир ба ташкили раванди таълим, тарбия, илм, иқтисоду хоҷагидорӣ ва пешрафту камбудиҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифати таълим ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ дар соли 2023 ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷом як қатор устодону донишҷӯёне, ки дар озмунҳову олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта буданд, бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТӢ
Дар таърихи 30 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Донишгоҳ баргузор шуд. Ректори Донишгоҳ, муҳтарам Ибодуллозода Аҳлиддин иттилоъ доданд, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1824 аз 30 декабри соли 2022 бо дастрасии моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди роҳбари муассисаи мазкур Қурбонзода Рухшона Қурбон ба вазифаи муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардид. Лозим ба зикр аст, ки хонума Қурбонзода Рухшона Қурбон то ин замон вазифаи декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкурро ба уҳда дошта, дар замони иҷрои вазифаи зерин дар рушди соҳаи маориф ва дастовардҳои муассиса саҳми бориз гузоштааст.
|
|
|
|
|
|
|
Page 510 of 654 |