|
There are no translations available.
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шуморо барои иштирок дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди низоми маориф”, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 90-солагии таъсисёбии Донишгоҳ, ки рӯзҳои 26-27 ноябри соли 2021 дар толори бинои асосӣ баргузор мегардад, даъват менамояд.
Масъалаҳои асосии баррасишаванда:
- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – нахуст мактаби олии ҷумҳурӣ;
- Аз таърихи тайёр кардани мутахассисони соҳаи илм ва маориф
- тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар замони истиқлол;
- муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим;
- мушкилоти фалсафӣ, иҷтимоӣ, психологию педагогӣ ва методии таҳсилоти муосир;
- робитаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо муассисаҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар;
- масъалаҳои мубрами рушди илмҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ ва гуманитарӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар;
- масъалаҳои мубрами таълиму тарбия ва роҳҳои ҳалли он;
- дурнамои рушди донишгоҳ;
|