|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДАВРАИ ҶАМЪБАСТИ КУРСҲОИ ЗАБОНОМӮЗИИ ОМӮЗГОРОН
Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” курсҳои омӯзишии семоҳаи забони русӣ ва англисиро барои устодон ва кормандони донишгоҳ, ки тибқи ҷадвали баргузорӣ аз 5 октябри соли 2022 роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст намуд.Дар фарҷоми курс сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., сардори маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М. бо иштироки омӯзгорони фаннӣ ҷиҳати арзёбии натиҷаҳои таълим бо шунавандагони курс санҷишу имтиҳонҳо ташкил намуданд. Дар рафти имтиҳон асосан дар атрофи мавзуъҳои зерин: Тоҷикистон ватани азизи ман; Душанбе - пойтахти Тоҷикистон; таърихи таъсисёбии донишгоҳ; тарҷумаи ҳол ва дигар масъалаҳои муҳим суолу пурсишҳо анҷом ёфтанд.
|
|
|
There are no translations available.
«Ёддоштҳо»-хонӣ дар факултаи таҳсилоти ибтидоӣ
Дар таърихи 09.11.2017 дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ вобаста ба бузургдошти –Асосгузори адабиёти навини тоҷик, нахустпрезиденти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо»-хонӣ оғоз гардид. Ин иқдоми нек аз ҷониби садорати факултети номбурда хуш пазируфта шуда, бо ташаббуси устодони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (мудир Боқиев Ҳамаз) амалӣ гардидаистодааст. Тибқи нақша рӯзҳои
|
|
There are no translations available.
Ҷаласаи Шурои занон
9-ноябри соли равон таҳти раёсати муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ муҳтарама Бобокалонова Раъно Норбоевна ҷаласаи Шурои занони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа муҳтарама Бобокалонова Р. Н. ба аъзоёни Шурои занон раиси навтаъин гардидаи Шурои занони донишгоҳро муаррифи намуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ – ҒОЛИБИ ОЗМУН
Чӣ тавре, ки иттилоъ дода шуд, дар таърихи 24 декабри соли 2022 бо ибтикори Донишкадаи Конфутсий, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад, дар байни омӯзгорони забони чинии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Муаллими сол"баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки омӯзгори кафедраи забонҳои Шарқи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шаҳзодаи Маҳмадлатиф дар озмуни мазкур ширкат варзида, мақоми аввалро ишғол намуд. Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2022 намояндагони донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар аксар озмунҳои сатҳи баланд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ИҚДОМИ НАВБАТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Дар таърихи 28 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба пешвози Соли нави мелодии 2023 чорабинии идона ҳамроҳ бо барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро Айнулозода Наҳтулло, муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълим ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии ректори Донишгоҳ, муҳтарам Ибодуллозода Аҳлиддинро ба самъи ҳозирин расонид. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳо мебояд дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд. Бо ҳамин назардошт ректори донишгоҳ тасмим гирифтанд, ки намояндагони ин қишри ҷомеаро, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, аз нигоҳи молиявӣ ва бо туҳфаи солинавӣ руҳбаланд намоянд. Дар чорабинӣ инчунин Назарзода Нигора, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, садорати факултетҳо, як қатор роҳбарони сохторҳо ва дар ин баробар 60 нафар донишҷӯён, ки ятимону нафарони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ мебошанд, иштирок доштанд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 512 of 654 |