• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

«Конститусия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон»

Садорати факултети таърих дарси кушоди тарбиявиро дар санаи 03.11.2017  аз ҷониби мудири кафедраи ҳуқуқ  Шарипов Н. бахшида ба «Рӯзи Конститутсия» дар мавзӯи «Конститусия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон»  дар байни курсҳои 3-юм доир намуд. Омӯзгор қайд намуд, ки конститутсия барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ санаи тақдирсоз буда, аввалин маротиба миллати тоҷик бо раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии хешро бо иродаи худ қабул намуда, бо дарки тамоми масъулият онро мавриди амал қарор дод. Пеш аз он, ки оид ба масъалаи нақши

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАМЪОМАД ДАР ФАКУЛТЕТҲО

Дар таърихи 23 декабри соли 2022 ба ғайр аз ҷамъомади умумӣ дар толори асосӣ дар ҳама факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати истимои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷамъомадҳо барпо гардиданд. Дар ҷараёни назарсанҷӣ  аксар омӯзгорону кормандони факултетҳои Донишгоҳ Паёми навбатии Сарвари давлатро ҳамчун пайки такондиҳандаи ҷомеа шарҳ доданд. Онҳо изҳор доштанд, ки дар умум Паёми навбатии Пешвои миллат чун паёмҳои пешин саросар ба беҳбудбахшии шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, хусусан соҳаи маориф нигаронида шудааст.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ПАЁМИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМ ПАЙКИ ХУШЕСТ БАРОИ МИЛЛАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамоест, ки самтҳои асосии минбаъдаи сиёсати дохилию хориҷии кишварамонро  муайян менамояд. Пас аз ироа гардидани ҳар як Паём ба Маҷлиси Олӣ дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал меоянд ва рушду такони ҷиддие, дар ҳама самтҳою соҳаҳо эҳсос карда мешавад. Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ироа гардид, боз як такони бузурге барои пешрафт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, хоссатан дар рушду тавсеаи соҳаи маорифу илми кишвар нақши худро хоҳад гузошт.

Ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Паёми навбатии Сарвари давлатро хуш пазируфта, баҳри истимои ин рисолати хуш дар толорҳои муқарраршуда ҷамъ омаданд.

 
There are no translations available.

Кумак ба маъюбон

Аз рӯи нақшаи ҳамкорӣ бо хоҳиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони ш.Душанбе ба ин муассиса 214 адад китобҳои бадеӣ ҳадя намудем.

4.11.2017 соати 10 .00  ба рӯзи конститутсия дар ин муасиса чорабинӣ баргузор шуд.Дар ин чорабинӣ  устодон аз факултаи таърих Қаландарова Н,Фозилова М,мудири китобхонаи Донишгоҳ Мусина  Э  иштирок ва баромад намуданд.

 
There are no translations available.

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

03.11.2017 дар толори фарҳангии Донишгоҳ, қисми тарбия дар якҷоягӣ бо мудири кафедраи географияи табиӣ факултети география Рауфов Р. дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баргузор намуданд, ки зиёда аз 300 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзидан.

 


Page 515 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj