|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БА ЯТИМОНУ МАЪЮБОН КУМАКПУЛӢ ДОДА МЕШАВАД!
22-юми декабри соли 2022 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар вохӯрӣ бо ятимону маъюбон дар остонаи Соли нави мелодӣ дастур фармуд, ки ба 140 нафар ятимону маъюбони гурӯҳҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм новобаста аз идрорпулии (стипендия) ҳамешагӣ, кумакпулии яквақтаина ба миқдори 200 сомонӣ ба ҳар яки онҳо дода шавад.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки ғамхорӣ ба маъюбону ятимон аз татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишвари маҳбубамон сарчашма гирифта, ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд набояд худро ҳаргиз яккаву танҳо ҳис кунанд.
|
|
|
There are no translations available.
Конститутсия ва ташакули низоми давлатдории миллӣ
Санаи 03.11.2017 бо ташаббуси шӯъбаи кор бо ҷавонон ва садоратифакултети забонҳои романӣ-германӣ дар ҳамкори бо маркази ҷавонони душанбе мизи мудаввар бо ифтихори рузи қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҳти унвони "Конститутсия ва ташакули низоми давлатдории миллӣ" баргузор гардид ,ки дар он доир ба мақом ва ҷойгоҳи Конститутсия дар пойдории давлат ва ташакулли низоми давлатдории миллӣ андешаҳо ироа гардид.
|
|
There are no translations available.
ЭЪЛОН!!!
Ба донишҷӯёни курсҳои 1-уми факултети таърих расонида мешавад, ки тибқи нақша чорабиниҳои Созмонҳои ҷамъиятии факултет бахшида ба 25-умин солгии Иҷлосияи XVI- Шӯрои Оли Ҷумњурии Тоҷикистон ва «Cоли ҷавонон» футболи хурдро аз санаи 08.11.2017 соати 1600 дар майдончаи варзишии донишгоҳ ба нақша гирифтааст, оғоз мегардад.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲУ КОЛЛЕҶИ ОМӮЗГОРӢ АЗ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДИИ “БАҲОРАК”-И ҶАМОАТИ САРИЧАШМАИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН ДИДАН НАМУДАНД
20 декабри соли 2022 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар арафаи Соли нави 2023 дар ҳамбастагӣ бо роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи назди донишгоҳ ба дидбонгоҳи сарҳадии “Баҳорак”-и қисми ҳарбии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон мавҷуд аст, ташриф оварда, бо Зафар Гулзода, раиси ноҳияи мазкур аз дидбонгоҳи сарҳадии мазкур дидан намуда, бо шароити зисту зиндагии хидматчиёни ин дидбонгоҳ аз наздик шинос шуданд.
Дар вохӯрӣ ва суҳбат бо хидматчиёни дидбонгоҳи мазкур зикр гардид, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи ватан ва пос доштани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии миллат қарзи шаҳрвандии мост ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дар заминаи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ беҳтар гардида, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад ва баҳри таъмини зиндагии шоистаи онҳо тамоми тадбирҳои судбахш роҳандозӣ гардидааст.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ДАР ПАРТАВИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар таърихи 22-юми декабри соли равон бо ибтикори кафедраи географияи табии факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо” мизи мудаввар баргузор гардид, ки ҳамоиши илмии мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. ифтитоҳ намуд. Мавсуф зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути минбари СММ вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст. Дар ҷараёни маҳфили илмӣ доктори илмҳои география, профессор Муртазаев У.И., директори маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ, н.и.т. Қодиров А., муовини директори Маркази автоматии алоқаи агентии обуҳавошиносӣ Давлатов Р. ширкат ва суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 516 of 654 |