|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ТАФТИШИ РАВАНДИ ДАРСҲО
15-уми декабри соли равон тибқи супориши ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар факултети психология аз тарафи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оид ба давомоти донишҷӯён ва сатҳу сифати таълим дар факултети мазкур тафтишоти назоратӣ гузаронида шуд. Дар рафти тафтиш сатҳу сифати таълим ва омодагии донишҷӯён ба дарс санҷида шуда, ҳамзамон аз тарафи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ба садорати факултет барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда тавсияҳо дода шуд.
|
|
|
There are no translations available.
Мизи мудаввар таҳти унвони "Хонишҳои адабӣ"
26.10.2017 дар толори фарҳангӣ мизи мудаввар таҳти унвони "Хонишҳои адабӣ",ки бахшида ба интишори китоби "Шеър-ул-аҷам"-и Шиблии Нӯъмонӣ бо иштироки устодону шогирдони факултаи филологияи тоҷик баргузор гардид,кормандони китобхона низ ҳузур доштанд. Чорабиниро устод Солеҳов Шамсиддин кушод. Дар он суханрониҳои магистр Юлдошева З "Аллома Шиблӣ ва осори ӯ " "Шарҳи масъалаҳои ирфон ва тасаввуф аз нигоҳи Шиблии Нӯъмонӣ "
|
|
There are no translations available.
Дунё пур аз ҷавонист
26.10.2017 тибқи мактуби муассисаи давлатии Телевизиони Сафина таҳти №309 аз 19.10.2017 дар барномаи «Дунё пур аз ҷавонист» дар мавзӯи «Омодагии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ» 30 нафар донишҷӯ ва 5 нафар омӯзгорони ҷавон иштирок намуданд.
Қисми тарбияи донишгоҳ |
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯ БАРОИ УНВОНҶӮЁН
Мутобиқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин оғоз аз таърихи 14 декабр то 21 декабри соли 2022 барои унвонҷӯёни солҳои 2018-2022, докторантон аз рӯйи ихтисос тавассути ҳайати корӣ аттестатсияи донишгоҳӣ баргузор шуда истодааст. Дар ҷаласае, ки имрӯз баргузор гардид, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д. Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., мудири бахши табъу нашр Мардонзода Ҷобир, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ширкат намуданд. Дар рафти ҷаласаи мазкур ҳисоботи фаъолияти илмии унвонҷӯёни соли аввал шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН...
Ба диққати ҳама донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ расонида мешавад, ки дар Донишгоҳ маҳфили “Ровиёни ҷавон” ташкил гардид. Ҳадаф аз ташкил намудани ин маҳфил ҷалб намудани донишҷӯён ба суханварӣ ва ба тарзи ифоданоку таъсирбахш қироат намудани шеъру сухан, инчунин ҷалб намудани донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва барномаҳои телевизионӣ мебошад.
Агар шумо ба суханварӣ ва наттоқӣ майлу рағбат доред ва инчунин мехоҳед маҳорати баланди шеърхонӣ ва суханварӣ пайдо кунед, пас ин маҳфил шуморо ба мақсад мерасонад. Мо кӯшиш менамоем бо тамоми ровиён ва ҳунармандони машҳури кишвар ҳамкорӣ намоем, то онҳо тавассути ин маҳфил дар сайқал ёфтани истеъдоди шумо мусоидат намоянд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 520 of 654 |