|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ТАШКИЛОТИ USAID ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ”!
28-уми ноябри соли 2022 ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба бо директори бахши маорифи USAID дар Тоҷикистон Тереса Миллер ва роҳбари бахши қарордодҳои ин ташкилот Мавҷуда Набиева мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили семинарҳои омӯзишӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Зимни мулоқот ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода изҳор дошт, ки раёсати донишгоҳ масъалаи бозомӯзӣ ва фаро гирифтани устодонро ба семинару тренингҳо дар мувофиқа бо намояндагони USAID ба роҳ хоҳад монд.
|
|
|
There are no translations available.
Китобхонаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ намоиши китобро бахшида ба “Рӯзи забон” ташкил кард.
|
|
There are no translations available.
Омӯзгорон ифтихорнома гирифтанд
Дар чорабинии фарҳангие, ки бахшида ба Рӯзи муаллимон дар донишгоҳ 30-юми сентябр гузаронида шуд, Давлатхон Назаров, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ ва Мадина Дадабоева, котиби Шӯрои олимон бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, ба 11 омӯзгор ифтихорномаи донишгоҳ тақдим карда шуд. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Насрулло Убайдуллоев доир ба касби
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
БАРРАСИИ ҶАНБАҲОИ ПЕДАГОГӢ- ПСИХОЛОГИИ КӮДАКОН ДАР КОНФРЕНСИЯИ ИЛМӢ
Имрӯз, дар таърихи 29 ноябри соли 2022 бо ибтикори факултети педагогика ва кафедраи педагогика, психология ва методикаи тарбияи томактабии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба сивумин солгарди Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷанбаҳои педагогӣ-психологии тарбияи кӯдакон” конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Кори конфронси мазкур тибқи нақша бо барномаи асосӣ ва барномаҳои иловагӣ дар ду бахш сурат гирифт. Тибқи барномаи асосӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш. баромад намуда, меҳмонон ва ҳозиринро аз номи ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода А.И. хайрамақдам гуфт. Ҳамчунин зарурати баргузор кардани чунин конфренсияро дар замони ҷаҳонишавӣ бамаврид арзёбӣ намуд. Сипас доктори илмҳои педагогӣ, профессор Каримова И. Х. дар мавзуи “Развитие дошкольного образования в Республике Таджикистан: проблемы и поиск решения” маърузаи хешро ироа карда, зикр кард, ки дар ин ҷанба камбудиҳо зиёданд ва пайи ислоҳи онҳо кушиш бояд кард. Дар навбати хеш мудири кафедраи дар боло зикршуда Кенҷаева З.Х. дар мавзуи “Пешвои миллат ва муқаддасоти миллӣ дар ашъори Низом Қосим” нозукиҳои муҳтавои мавзуи мадди назаро ба самъи ҳозирин баён кард.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ИРОАИ ҲИСОБОТ ОИДИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ИЛМӢ
Дар таърихи 29-уми ноябри соли 2022 дар факултети забонҳои романӣ-германӣ тибқи нақша ҷаласаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., мудири шуъбаи робитаҳои байналмилаӣ Хайров Т., мудири шуъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷ., садорати факултет, мудирон ва устодони кафедраҳо ширкат намуданд. Муовини декан оид ба корҳои илмӣ Ҷурақулов Б. ҳисоботи солонаи бахши илми факултетро ироа намуда, оиди дастовардҳои илмии устодону донишҷӯёни факултет маълумоти муфассал пешниҳод кард. Сипас, ҳисобот аз тарафи ҳайати корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
|
|
|
|
|
|
|
Page 531 of 654 |