• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСА БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

Дар таърихи 24 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба сивумин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.  Дар ҳамоиши мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмудов Давлатшоҳ  ширкат ва суханронӣ намуд. Ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханони табрикотии ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин ироа намуд.  Дар маърӯзаи мазкур  аз ҷумла зикр шудааст, ки дар баробари ба истиқлол расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули Парчами давлатӣ пеш омад ва ҳамин тавр дар таърихи 24 ноябри соли 1992 бо ҷаӽду талошӽои  Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи муқаддаси кишвар аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол  қабул гардид.

 
There are no translations available.

Насабро бояд донист

 

Бо тавсияи Шӯрои олимон факултаи таърихи донишгоҳ китоби омӯзгори собиқадор Ҳамза Камол таҳти унвони «Насабшиносӣ» дар матбааи таълимгоҳ ба табъ расид.

Ба ибтикори муаллиф бори нахуст дар Тоҷикистон ин китоб омода шуд, ки дарбаргирии матолибе аз таърихи пайдоиши насабшиносӣ, ҳадафи омӯзиши он, аҳамияти ин фан дар пажӯҳиши ҳаводиси ин ва ё он давр, сайри таърихии насабномаҳо ва ѓайра мебошанд. Умедворем, ки доираҳои илмию таълимӣ ба он таваҷҷуҳ зоҳир хоҳанд кард.

 
There are no translations available.

Пайвандҳои таърихӣ

Китоби «Таърихи тамаддун ва фарҳанги ҷаҳон» бо тарҷумаи Абдулҳусайни Озаранг, ки аз чор ҷилд иборат аст, бо ибтикори раёсати донишгоҳ аз ҷониби устодони кафедраи фалсафа Р.Назариев, Б.Самиев, Ш.Бердиев, Ҳ.Зикиров, Б.Шомуродов, Ш.Назарамонов, Р.Давлатов ва М.Мирҳасанов аз хатти форсӣ ба хатти кириллӣ баргардон  шудааст.

Дар китоб таърих ва фарҳанги халқҳо ва миллатҳои гуногуни олам, вижагиҳои муҳимтарини пайдоиш ва рушди суннатҳою анъанаҳои қавмҳои қадима, мардуми муосири минтақаҳои Аврупо, Осиё, Амрико ва Африқо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтааст.

Китоби мазкур барои ташаккули хотираи таърихӣ, возеҳ намудани ҷаҳонбинии фалсафӣ ва донишҳои фарҳангии хонандагон ва ҳаводорони омӯзиши таърихи илму маърифат муфид хоҳад буд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ПАРЧАМ – ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар таърихи  24- ноябри соли 2022  бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи хизматрасонии иҷтимоӣ, маданӣ ва туризми  факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид. Дар дарси мазкур мудири кафедраи мазкур, дотсент Самиев А.М., муовини декан оид ба илм, дотсент  Имомов А., кураторон Собиров М.С. ва Мусоев Д. иштирок доштанд.  Мудири кафедра дотсент Самиев А.  қайд кард, ки  Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

 

РЕКТОР: ҒОЛИБОНИ ОЗМУН АЗ 20%-И МАБЛАҒИ ҲАҚҚИ ТАҲСИЛ ОЗОД КАРДА ШАВАНД!
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканону сардорони раёсатҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар ҷаласаи корӣ ректори Донишгоҳ масъалаҳои назорат ва одилона ҷамъбаст намудани озмунҳо, назорати сарбории фаъоли омӯзгорон, назорати донишҷӯёне, ки стипендия мегиранд, таъмини лабораторияҳо бо лавозимоти таълимӣ, ҳолатҳои дарсшиканӣ, қайд накардани журналҳо, назорати сарулибоси донишҷӯён, такмили ихтисос ва таҷлили бошукуҳи Рӯзи парчами давлатиро мавриди баррасӣ қарор дод.
 


Page 537 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj