|
There are no translations available.
Анонс: Чорабинии иттилоотӣ-фарҳангӣ бахшида ба Соли ҷавонон
Бахшида ба Соли ҷавонон рӯзи 27-уми май дар Боғи устод Рӯдакии шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотӣ-фарҳангии дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Дар ин барнома ҳунармандони ҷавони ин дастаи ҳунарӣ бо таронаҳои наву созҳои рангин ва рақсҳои дилнишин баромад мекунанд.
Оғози барнома соати 16:00
Ширкат озод.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
9 ноябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯи гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ташкилотҳои мамнуъ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва ҷинояту ҷинояткорӣ баргузор гардид.
Чунин вохӯриву суҳбатҳо дар самти пешгирии содиршавии кирдорҳои ҷиноятӣ дар байни ҷавонон ва баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуда, аз содиршавии амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок пешгирӣ мусоидат хоҳад кард.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ТАҶДИДИ ФАЪОЛИЯТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Дар таърихи 9-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо ташаббуси ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода мизи мудаввар баргузор гардид, ки муҳтавои асосии он таҷдиди назар нисбат ба саҳифаҳои факултетҳо ва шуъбаҳо ва тарзи истифодаи дурусти онҳо дар ҷомеаи имрӯз мебошад. Дар ҷараёни он роҳбари муассиса ба аъзоёни раёсат ва муовинони деканҳои факултетҳо ҷиҳати корбурди саҳифаҳо дастурҳои муфид пешниҳод намуд. Хосатан зикр карда шуд, ки фаъолияти саҳифаҳои расмии факултетҳо ва бахшҳои мустақили донишгоҳ ба таври бештар гузориш ва маводи зарурӣ интишор намоянд.
|
|
|
There are no translations available.
Бародарҳо забони мо ҳамин аст...
Ҳудудан 90 нафар бачаҳои дорои имкониятҳои маҳдуд аз муассисаҳои омӯзишии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби туҳфаҳои хотиравии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба истиқболи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон шуданд.
Ҳамоише бо номи “Мо фарзандони ҳамин диёрем” бахшида ба рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон, ки субҳи имрӯз дар толори фарҳанги Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
|
|
There are no translations available.
Анонс: Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида да рӯзи Ваҳдати миллӣ
Бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва кафедраҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ фардо, 25-уми май Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии “Ваҳдати миллӣ омили асосии таҳкимбахши сулҳу субот ва устувории давлатдории миллӣ” баргузор мешавад.
Конфронс ба 20-солагии Ваҳдати милии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст ва дар он масоили марбут ба расидан ба сулҳи пойдор, омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ,
|
|
|
|
|
|
|
Page 550 of 654 |