|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҲАЁТИ ПУРСАМАРИ ОЛИМ
Бо ташаббуси садорати факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар таърихи 22 октябри соли 2022 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Вазъи муосири гуногунии биологии Тоҷикистон, ҳифз ва истифодаи оқилонаи он» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 75-солагии ҳаёт ва фаъолияти илмӣ-педагогии корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология, профессор Тоҳирҷон Сатторов баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илми донишгоҳ, д.и.ҳ., профессор Сангинов Д. ифтитоҳ намуда, кулли меҳмононро аз номи ректори донишгоҳ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода ва ҳайати раёсат хайрамақдам намуд.
|
|
|
There are no translations available.
Ташреҳи Паём барои ғоибхонон
Бо мақсади тавзеҳу ташреҳи Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 9-уми январ вохӯрии ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ бо донишҷӯёни шуъбаи ғоибона баргузор гардид.
Дар оғоз Носирҷон Салимӣ аз хизматҳои Сарвари давлат баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистон ёдовар шуда, қайд кард, ки дар тӯли 15 соли охир буҷаи давлат аз 300 ҳазор сомонӣ ба 18 миллиард сомонӣ расид. Сатҳи камбизоатӣ, ки зиёда аз 70 фоизро ташкил медод, то 30 фоиз
|
|
There are no translations available.
Ба даст овар диле, гар метавонӣ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳидоят ба корҳои неки ҷамъиятӣ, муҳаббат ба ватани худ ва болидарӯҳии хонандагон дар арафаи Соли нави мелодӣ донишҷӯёни соли 2-юми факултаи забон ва адабиёти рус дар ҳузури хонандагони мактаби махсуси кӯдакони душвортарбияи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе чорабинии хотирмон гузарониданд.
Ҳусния Солиева чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Дар
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН
Комиссия даври сеюми озмун дар ноҳияҳои минтақаи Рашт барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, лаёқат, малака ва маҳорати иштирокчиёни озмунро натиҷагирӣ карда, ғолибони даври минтақавиро муайян намуд. Ҳайати ҳакамон ба донишу истеъдоди иштироккунандагони озмун воқеъбинона баҳогузорӣ намуда, аз ҷумлаи 67 нафар довталаб ба 33 нафар ҷиҳати иштирок дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, роҳхат пешниҳод намуданд. Ҳамчунин ба хотири шаффофияти озмун ба довталабоне, ки аз натиҷаи холҳои ба даст овардаи хеш норизоият изҳор намуданд, иловатан имконият фароҳам оварда шуд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
Дар таърихи 20 октябри соли 2022 дар факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии таълим ва омӯзиши забони англисӣ дар ДДОТ ба номи С. Айнӣ» бо ибтикори кафедраи методикаи таълими забони англисӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баргузор карда шуд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 567 of 654 |