• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОР: ОЗМУНИ ФАЛАКСАРОЁН БАРГУЗОР КАРДА ШАВАД!
Имрӯз, ректори Донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, аъзои раёсат ва деканони факултетҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд.
Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ дар ҷаласа масъалаҳои риояи интизоми меҳнат, тақсимоти дурусти соатҳои таълимӣ, фаъолияти Дармонгоҳ, сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ва назорати он, ҳолати бадарсоии донишҷӯён ва пешниҳоди мавзуъҳои фармоишӣ аз ҷониби факултетҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
 
There are no translations available.

Смартфон насиби кӣ мешавад?

1-уми декабр Рӯзи мубориза алайҳи ВНМО (СПИД) дар тамоми ҷаҳон эълон шудааст. Барои иттилои бештари ҷавонон доир ба ин навъи беморӣ 30-юми ноябр дар донишгоҳ вохӯрии намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо донишҷӯён баргузор гардид.
Нодир Аминзода, масъули иттилоотии ҷамъияти мазкур, дар бораи пайдоиши ин вирус,

 
There are no translations available.

Баргузории маҳфил дар хобгоҳҳо

Мувофиқи нақшаи садорат ва қисми тарбияи факултаи таърих 23-юми ноябр дар хобгоҳҳои рақамҳои 2 ва 3 ба ифтихори Рӯзи Парчам маҳфил гузаронида шуд. Дар чорабинӣ муовини декан оид ба тарбияи факултаи таърих Т.Наҷмиддинов, раиси Шӯрои занони донишгоҳ С.Қувватова ва раиси Шӯрои духтарони факулта Рисолати Раҷабалӣ иштирок намуданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ҚАРОРДОДИ ҶАМЪИЯТҲОИ ГЕОГРАФӢ

Чӣ тавре, ки зикр карда будем, дар таърихи 12 – уми октябри соли 2022 ҷиҳати тасдиқи қарордод оид ба ҳусни тафоҳум миёни ҷамъиятҳои географии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони расмии кишвари ҳамсоя ташриф оварда буданд. Шарипов Шавкат Муҳаммадҷонович – декани факултети география ва сарватҳои табиии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Арзиқулов Нодир Шодиевич, муовини раиси ҷамъияти географии Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни мулоқот изҳор намуданд, ки тибқи қарордод ҳамкории дуҷониба дар ҳолати иҷрои фаъолиятҳо, мисли иштирок дар конфронсҳои муштарак, баргузор кардани корҳои илмӣ-тадқиқотии якҷоя, интишори мақолаҳо дар маҷаллаҳои якдигар, мубодилаи адабиёти илмӣ, илмӣ-методӣ ва ғайра амалӣ мешавад.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС

Дар таърихи 12-уми октябри соли 2022  Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” баргузор гардид. Дар форуми мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва як зумра омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

 


Page 570 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj