• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАЛАСА БО КОРМАНДОНИ ҚИСМИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ

Дар таърихи 10 октябри соли 2022 таҳти  садорати муовини ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинов Д.Ш. ҷаласаи васеи бахши илм ва инноватсия баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур кормандони бахши мазкур ва муовинони деканони факултетҳо оид ба илм иштирок намуданд. Дар рӯзномаи ҷаласа масоили зерин мавриди муҳокима пешбинӣ гардида буд:

 
There are no translations available.

Зери парчам муттаҳид мешавем

Дар чорабиние, ки бахшида ба Рӯзи Парчам дар донишгоҳ баргузор гардид, нахуст ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ сухан гуфт. Мавсуф Парчамро нишони ягонагии давлату миллат унвон карда, даъват ба амал овард, ки дар муттаҳидӣ зери ин ливо барои ободии кишвар бикӯшем.

Дар идома декани факултаи филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ Боймурод Шарифзода дар хусуси таърихи пайдоиши

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР БАХШИ ПЕДАГОГИКА

Дар таърихи 8-уми октябри соли ҷорӣ устоди донишгоҳ  Разоқов Хуршед Соҳибназарович рисолаи илмии номзадии худро дар мавзӯи “ Истифодаи афкори педагогии мутафаккирони  форсу тоҷики асрҳои X–XI ва анъанаҳои миллӣ дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагони  синфҳои болоӣ” дар дар шурои муштараки диссертатсионии 6D.KOA-002-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Сафаров Шодӣ Асомуродович бомуваффақият ҳимоя намуд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ИДИ МЕҲРГОН

Дар таърихи 11 октябри соли 2022 бо ибтикори факултети педагогикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни Меҳргон, ки  аз ҷашнҳои бисёр бузург ва бофарру шукӯҳи аҷдодони мо дар аҳди бостон будааст, ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Тибқи суханони устоди факултети мазкур Салим Тағоев, ки дар ҳамоиш ироа гардид, Меҳргон баъд аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузурги миллӣ ва фурӯғмандтарин намоди суннатии дерини фарҳанги ориёӣ аст. Ҷашни Меҳргон ҷашне буд, ки аз қадимулайём байни ниёгони мо қайд карда мешуд ва дар сарзаминҳои Шарқу Ғарб интишор ёфта буд. Аз тарафи дигар, ҷашни Меҳргон ҷашни тавлиди Меҳр, ҷашни худовандгори аҳду паймон ва маросими шукӯҳмандию пирӯзии инсон аст.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ХОБГОҲ

Дар таърихи 5-уми октябри соли 2022 дар хобгоҳи № 6-и Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  чорабинии фарҳангиву фароғатӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ  баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳ Нигора Назарзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатшоҳ Каримов, раиси иттифоқи касабаи донишҷӯён Дилшод Раҷабов, коменданти хобгоҳ ва омӯгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

 


Page 572 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj