|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ПОЯИ ДАВЛАТ
Имрӯз дар Донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони "Забони миллат - пояи давлат" конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик кард ва перомуни сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти забон сухан ронд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ», нашрияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» интишор гардида, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти № 230 ЖР-97 аз нав ба қайд гирифта шудааст.
Маҷаллаи «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» соли 1978 таъсис ёфта, ибтидои солҳои 90-уми қарни гузашта, як муддат чопи он мавқуф гузошта шуда, шурӯъ аз соли 1996 нашри мунтазами он аз нав ба роҳ монда шуд, ки дар он мақолаҳои беҳтарини илмӣ ва илмию методии олимони донишгоҳ, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони кишварамон ва хориҷ аз он нашр мегарданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УСТОД РӮДАКӢ
 Дар хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Раҷабов Д.А., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонов М., мудири бахши кор бо занону духтарон Туманова Б., сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонзода А., мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо ҷавонон Ҷабборов М. ва коменданти хобгоҳ Шарипов М. иштирок намуданд.
|
|
|
There are no translations available.
Ифтитоҳи кафедраи пойгоҳӣ дар мактаб
Бо ташаббуси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ ва кафедраи методикаи таълими физика дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70, ки ҳамчун кафедраи пойгоҳии фанҳои дақиқ ба шумор меравад, семинар дар мавзӯи «Истифодаи методҳои интерактивӣ дар таълими физика» доир гашт.
Дар семинар сардори раёсати таълим Б.Самиев, роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Ҷ.Исломова роҳбарияти муассисаи номбурда ва
|
|
There are no translations available.
Президент ҳомии Ватан аст
Муҳтавои суханронии доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Имомқул Буриев, ки 15-уми ноябр дар конфронси бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ироа кард, ташреҳи калимаи «президент» ва вазифаҳои он буд. Мавсуф қайд кард, ки президент дар Рими қадим маънои сарвари давлатро дошт. Аввалин президент дар ҷаҳон дар Амрико таъйин гардид, ки Ҷорҷ Вашингтон мебошад.
|
|
|
|
|
|
|
Page 573 of 654 |