• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
Хабарҳо
There are no translations available.

КОРРУПСИЯ - МОНЕА ДАР РАВАНДИ РУШДИ КИШВАР

Дар асоси нақша-чорабинии ДДОТ ба номи С. Айнӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар таърихи 15-уми сентябри соли 2022 мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, пиромуни ҷилавгирӣ аз аъмоли номатлуби коррупсинӣ изҳори андеша намуд. Сипас, подполковники адлия, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Василбек Қурбон доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баромад намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки барои решакан кардани аъмоли коррупсионӣ танҳо мақомоти давлатӣ вазифадор нестанд. Дар ин ҷода бояд тамоми аҳолии кишвар камари ҳиммат банданд.

 
There are no translations available.

Машқи пагоҳирӯзӣ дар донишгоҳ

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ субҳи 16-уми ноябр бо иштироки донишҷӯён аз хобгоҳҳои 2, 3, 6 ва 7 машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд. Мақсади асосӣ аз баргузор намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯён ва ҷалби бештари онҳо ба варзиш мебошад.

Тавре медонем, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдори

 
There are no translations available.

Иштироки донишҷӯён дар чорабинии ВКД

16-уми ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид. Ҷамъомадро гурӯҳи пешоҳанги ВКД бо рақсу сурудҳои худ ҳусни оғоз бахшиданд. Дар чорабинӣ вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазони Ҳамро, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон С.Ятимов ва Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб иштирок доштанд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

РЕКТОР: ИРТИБОТРО БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ҚАВӢ НАМОЕД!

Субҳи  имрӯз бо мақсади назорати вазъи интизоми бадарсоии донишҷӯён дар асоси дастури ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода дар назди даромадгоҳ рейди назоратӣ баргузор карда шуд. Рейди назоратии мазкур муайян намуд, ки зиёда аз 20 нафар омӯзгорону лаборантон ва баъзе аз мудирони кафедраҳо, инчунин иддае аз донишҷӯён дар вақти муқарраргардида ба дарс ҳозир намешуданд. Илова бар ин, баъзе аз донишҷӯён бо  сару либоси ғайрирасмиву риши дамида ва ҳатто бе ҷузвдон ҳозир мешуданд. Бемасъулиятӣ нисбат ба  дарс аз ҷониби донишҷӯён то дараҷае ба назар мерасид, ки қариб то ду соат ва зиёда аз ин ҳам ба дарсҳо дер меомаданд.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ОЗМУНИ ИХТИРОЪКОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИРО ДАР ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР МЕНАМОЕМ!

Имрӯз бо ибтикори Аҳлиддин Ибодуллозода дар саҳни даромадгоҳи бинои асосӣ намоиши дастовардҳои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар намоиш аз ҷониби садорати 14 факултети донишгоҳ дастовардҳо, аз ҷумла китобҳои муфиди дарсии дар солҳои 2019 - 2022 таълифшуда, донишномаҳо, медалу ҷоизаҳои омӯзгорону донишҷӯён, ки дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ соҳиб шудаанд, шаҳодатномаҳо, диплому медалҳо ва патентҳое, ки барои ихтироъкорӣ ба даст овардаанд, рӯнамоӣ гардиданд. Ректори донишгоҳ зимни боздид иброз дошт, ки мақсад аз рӯнамоӣ-муаррифӣ намудани дастовардҳои донишгоҳ ва инчунин ташвиқи омӯзгорону олимон ба таълифи бештари китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ, дарёфти ихтироъкорон, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба навовариву ихтироъкорӣ мебошад.

 


Page 576 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj