• Tajik
  • Russian
  • English
tgpu
There are no translations available.

Маҳфилҳои мубоҳисавӣ давом доранд

Тавре дар шумораи гузашта итилоъ дода будем, дар донишгоҳ моҳе ду маротиба маҳфили мубоҳисавӣ доир карда мешавад. Ин навбат маҳфил дар мавзӯи терроризм, экстремизм ва роҳҳои пешгирии ин ҳодисаҳои номатлуб баргузор шуд.

Маҳфилро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Р.Бобокалонова оғоз бахшида, зикр кард, ки ташкили чунин маҳфилҳо амали хеле муассир ва муфид аст.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

ДАР ДОНИШГОҲ ШӮРОИ НАВИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ТАЪСИС ЁФТ

14 майи соли 2022 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки профессорон, устодон ва дигар меҳмонон ҷаласаи муаррифии Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) –доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D011900 - Забони хориҷӣ: ду забони хориҷӣ (забонҳои русӣ ва англисӣ) ва 6D011900 - Таълими касбӣ ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рўи ихтисосҳои 13.00.02 - Назария ва методикаи таълиму тарбия ва 13.00.08 - Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ, ки таъсиси он бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Розиқзода аз 8 апрели соли 2022 ба тасвиб расид, баргузор гардид.

 
Хабарҳо
There are no translations available.

АЁДАТИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР

12 майи соли 2022 раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ Раҷабмоҳ Қосимова, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Маъдӣ Абдураҳмонов ва намояндагони дафтари матбуоти донишгоҳ барои аёдат ба хонаи омӯзгори собиқадори донишгоҳ муаллими калони кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик Ҳотам Саидов рафтанд. Омӯзгори собиқадор Ҳотам Саидов аз таҷрибаи омӯзгории 62-солаи хеш ёдовар шуда, қайд намуд, ки касби омӯзгорӣ беҳтарин касб мебошад. Зеро ман 62 соли ҳаёти хешро сарфи ин касби пуршараф кардааму аз ин касби интихобкардаи хеш ҳеҷ гоҳе пушаймон нестам. Имрӯз ман бо шогирдони тарбияткардаи худ ифтихор мекунам.

 
There are no translations available.

Сипари боэътимоди Ватан

Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касаба ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ 19-уми феврал бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ конфронс баргузор гардид. Дар он ректори донишгоҳ, академик Н.Салимӣ, раиси Кумитаи Иттифоқи касабаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одинаев, муовини раиси федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Б.Абдуллоев, муовини

 
There are no translations available.

Истиқлолият неъмати бебаҳост

Қисми тарбияи донишгоҳ дар нимсолаи дуюм нақшаи гузаронидани соатҳои дарси кушоди тарбиявиро дар тамоми факултаҳои донишгоҳ таҳия намудааст. Дар ин замина тибқи нақша 12-уми феврал, дар факултаи таърих, барои донишҷӯёни соли 2-юми гурӯҳҳои «А», «Б», «В»  дарси кушоди тарбивӣ гузаронида шуд. Дарсро номзади илмҳои таърих, дотсент М.Шарофова гузаронд. Дар дарс муовини декани факулта оид ба корҳои тарбиявӣ Т.Наҷмиддинов ва

 


Page 605 of 654
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj