|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
МИЗИ МУДАВВАР ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛАИ СОЛИМ-ҶОМЕАИ СОЛИМ”
13 майи соли 2022 бо ибтикори бахши кор бо занони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори шурои олимони донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзӯи “Оилаи солим-ҷомеаи солим” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ Лайло Шарипова, устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Сабоҳат Амонова, мутахассиси КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонӣ Моҳпарӣ Мародбекова, мудири бахши кор бо занони донишгоҳ Басгул Туманова, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов ва сармутахассиси қисми тартияи донишгоҳ Ҳусейн Ҳасанов иштирок ва суханронӣ карданд.
|
|
|
There are no translations available.
Муаллифи Суруди миллӣ -меҳмони мо
Барои тавзеҳи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола 17-уми феврали соли равон шоири шинохта, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ ба донишгоҳ ташриф овард. Дар ин вохӯрӣ ӯро шоир Камол Насрулло ҳамроҳӣ мекард, ки сарварии маҳфили «Адибони ҷавон»-ро дар донишгоҳи мо ба уҳда дорад.
|
|
There are no translations available.
Мамлакат рушд меёбад
Бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон ва Созмони ҷавонон 10-уми феврал дар донишгоҳ мизи мудаввар дар мавриди баррасии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ доир гардид. Ҳамоишро раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ М.Буриев оғоз бахшида, назари хешро оид ба Паём иброз дошт. Мавсуф қайд кард, ки бо ҷаҳду талошҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аҳволи мардум
|
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
РАФТИ ИМТИҲОНОТИ ДАВЛАТӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ
Шурӯъ аз 10 майи соли 2022 дар гурўҳҳои шакли таҳсилоти фосилавии факултетҳои донишгоҳ имтиҳоноти давлатии хатм барои соли таҳсили 2021-2022 оғоз гардид. Зимни боздид аз рафти қабули имтиҳоноти давлатии хатм ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусалом Мирзозода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, дотсент Ҷамила Мӯсоҷонзода ва сардори раёсати таълим, дотсент Наҳтулло Айнуллозода бо устодону хатмкунандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид карданд, ки раванди имтиҳонот бояд шаффофу озод ва дар синфхонаҳои назорати видеоидошта гузаронида шаванд. Ҳамзамон роҳбарияти донишгоҳ ба хатмкунандагон дар супоридани имтиҳонҳо муваффақиятҳо хостанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
There are no translations available.
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
4 майи соли 2022 се нафар донишҷӯ ва як нафар магистри факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии устоди факултет Маъруф Ҷумаев дар олимпиадаи байналмилалии интернетӣ аз фанни химия, ки аз тарафи Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Ҷумҳурии Туркманистон ба номи Яхшигелди Какаев ташкил шудааст, иштирок намуданд. Олимпиадаи мазкур дар шакли фардӣ аз рӯи ду категория гузаронида мешавад. Категорияи якум барои донишҷӯёне мебошад, ки фанни химияро меомӯзанд, ва категорияи дуюм барои онҳое аст, ки фанни химияро намеомӯзанд. Аз рӯи категорияи якум ширкат варзида, дар натиҷа се нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
|
|
|
|
|
|
|
Page 606 of 654 |